Паҳлавони хурдакак
Рӯзи душанбе, 22-юми июни соли 1990 дар яке аз оилаҳои коргари ноҳияи Восеи вилояти Хатлон писарбачаи паҳлавонҷуссае тавлид ёфт бо вазни 5 килограмм. Аҳли оилаи Мирзоевҳо аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Бо маслиҳати мӯйсафедон навзодро Иззатулло ном ниҳоданд, то бо инояти Худованд соҳиби обрӯю иззат гардад. Беҳуда намегӯянд, ки номи хуб нисфи муваффақияти инсон аст, шарофати номаш буд ё аз азал Парвардигор машҳур шуданро дар пешонии ин писарак навишта буд, ки аллакай дар синни 9 солагӣ вай ҳамсояҳоро дар ҳайрат гузошта, ду барзаговро бо дандонаш мекашад. Дар синни 12 солагӣ бошад, Иззатулло 70 килограмм вазнро бо сараш бардошта дар 14 солагӣ мошини тамғаи 04, дертар якбора чор мошини “Жигули”-и тамғаи 07-ро бо дандонҳояш мекашидагӣ шуд. Даҳони ҳамдеҳагонаш бо дидани ҳунари беназири ин ҷавони ситорагарм “воз” мемонд ва гиребони ҳайрат дошта мегуфтанд: “Наход фарзанди одамизод чунин пурқувват шавад-а?!”
Ба мисли Шоҳрух-Хон
Изатулло аз хурдӣ мухлиси филмҳои ҳиндӣ буд. Вақте ситораи №1-и Ҳиндустон Шоҳрух-Хон дар экран пайдо мешуд, Изатулло якбора гӯшу ҳуш мегашт. Ҳунарнамоии Шоҳрухро тамошо карда, дар як гӯшаяки дилаш шуълаи умед фурӯзон мегашт, ки рӯзе вай ҳам мисли Шоҳрух дар кино нақш мебозад.
Мегӯянд, ки дилу ният соф бошад, одам албатта ба муроди дилаш мерасад, орзуи Изатулло низ ҷомаи амал пӯшида, ӯро ба филми “Самаки айёр” даъват намуданд. Ҳунари аҷиби ӯ тамошобинонро ба ваҷд оварда, коргардонҳоро ба он водор намуд, ки Изатуллоро боз ба навор бигиранд. Дуюмин филме, ки ин ҷавони бомаҳорат дар он нақш бозид, “Қиссаи ишқ” буд...
Волидон дар ташвиш буданд, вале...
Изатулло дар оила фарзанди чорум аст. Падараш Азизхӯҷа Мирзоев замони наврасии ӯро ба ёд оварда мегӯяд: “Изатулло аз кӯдакӣ ба варзиш шавқу ҳаваси зиёд дошт. Ҳамеша хоҳиш мекард, ки ӯро ба ягон толори варзишӣ барем. Вақте бори аввал дар телевизиони вилоятии “Мавҷи озод” ҳунарнамоии писарамро намоиш доданд, шиша хӯрдани Изатуллоро дида, модараш қариб аз ҳуш рафта буд. Мо сахт тарсидем, ки шиша узвҳои даруниашро бурида меравад, баъдтар табибон ӯро муоина намуда гуфтанд, ки комилан солим аст. Ростӣ, мо намехостем фарзандамон ҷонашро дар хатар гузошта чунин амалҳои хавфнокро анҷом диҳад, вале ба истеъдоди худододи Изатулло монеъ гашта натавонистем....”
Сирри шишахӯрии Изатулло
Изатулло мегӯяд, ки ҳанӯз аз синни 10 солагӣ шиша мехӯрдам, вале инро аз падару модарам пинҳон медоштам. Вақте дар телевизион баромад кардам, ин сир фош гашт ва маро зӯран ба духтурхона бурда, ташхиси эндоскопӣ гузарониданд.
“Ташхис солимиамро кафолат дода бошад ҳам, падару модарам ором нагирифта, маро утоқ ба утоқи духтурҳо мегардонданд. Табибон ҳам мошинкашии маро тамошо карда будаанд, онҳо ҷоғу даҳони маро аз назар гузаронида ба ҳайрат меомаданд, ки чӣ хел баъди кашидани чунин бори гарон ҷоғам нашикастааст”,- бо табассум ба ёд меорад Изатулло Мирзоев.
Рост ба чашмони Изатулло нигариста мепурсам:
-Корҳое, ки шумо мекунед, ба ақли солим рост намеоянд. Росташро гӯед, ин амалҳоро бо мадади ягон қувваи ғайб анҷом медиҳед?
Бо шунидани саволи ман ӯ қоҳ-қоҳ зада механдад ва дар ҳоле, ки оби чашмонаш аз шиддати ханда баромадаанд, ҷавоб медиҳад:
-На ҷин дорам, на деву на албастӣ, ман ҳам мисли дигарон одами оддӣ ҳастам, вале аз кӯдакӣ машқ карда ин ҳунарҳоро омӯхтам.
Ҳунармандро сафар ситора мекунад
Дар кишварҳои дигар одамони мисли Изатулло истеъдоди фавқулода доштаро рӯйи даст бардошта мегарданд. Спонсорҳо худашон чунин истеъдодҳои нодирро кофта мегарданд ва сафарҳои ҳунарию баромадҳояшонро ташкил мекунанд, аммо...
Изатулло на сарпараст дорад, на касеро парвои ҳунару маҳорати ӯст. Ба вай танҳо як маротиба муяссар гашт, ки ба Федератсияи Русия сафар карда маҳораташро нишон диҳад.
“Вақте дар Русия ҳунарамро нишон додам, мардуми рус дар ҳайрат монданд. Аввал мошинҳоро бо дандонҳоям ба масофаи 70 то 80 метр кашидам, баъд шишаҳои шикастаро хоида фурӯ бурдам. Тамошобинон лолу карахт шуда монданд. Боварашон намеомад, ки ин ҳақиқат дорад...”,- хотираҳои сафарашро ба ёд меорад Изатулло .
Тайёраро кашидан мехостам, аммо...
Изатулло як сол қабл ваъда дода буд, ки соли оянда тайёраро ба дандон мекашад. Мепурсамаш: Ба ин ваъдаатон вафо кардед?
Оҳи сард кашида мегӯяд:
-Бисёр мехостам, ки ин орзуямро амалӣ намоям, вале ягон сарпараст наёфтам. Орзуям дар нимароҳ монд.
Кунҷкобона мепурсам:
-Вақти ичрои амалҳои хатарнок ягон бор бо шумо ҳодисаи нохуш аз қабили ягон ҷоятонро буридан рӯй надодааст?
Сар ба зер афканда лаҳзае фикр мекунад ва посух медиҳад:
-Чанд сол қабл дар барномаи “Истеъдод” дар шабакаи аввали телевезион ҳамчун меҳмон иштирок доштам. Дар рафти барнома аз толор як нафарро даъват карданд, то бо лаълӣ ба сарам занад. Вақти заданаш хун баромад. Дар тӯли тамоми умрам ин якумин ҳодисаи нохуш буд.
Ба ҷойи охирсухан
Изатулло барин ҷавонони ҳунарманд парчамбардори миллатанд, вале масъулин дар “Рӯзи парчами миллӣ” танҳо барои риш доштанаш ба ин ҷавони истеъдоди бисёр нодир дошта иҷозат надодаанд, ки ба саҳна баромада, маҳораташро намоиш диҳад. Афсӯс, ки мо то имрӯз баъзан саларо кала мефаҳмем...