Шӯрои иҷроияи Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид - ЮНИСЕФ-ро дар соли 2025 ҷавонмарди бофарҳанги тоҷик Ҷонибек Ҳикмат сарварӣ мекунад.
Ба иттилои намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Ҷонибек Ҳикмат - намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб шудааст. Ҷонибек Ҳикмат хатмкардаи Eastern Mediterranean University-и Кипр буда, солҳои 2010-2014 ба ҳайси котиби дуюм дар Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2019 ба сифати котиби аввал ва мушовир дар намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид кор мекард. Соли 2021 бо фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъин шуда буд.
Ба ҳайси сарвари ин созмони бонуфуз интихоб шудани Ҷонибек Ҳикмат имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалӣ барои беҳтарсозии шароити зисту зиндагии кӯдакон дар сайёра фаъолона ширкат варзад.