Рӯзи 23- март тобути хунини боз як ҷавонмарди тоҷикро ба Ватан оварданд. Ислом Саидмуродови 48-сола дар ҷанги Украина кушта шудааст, вале наздиконаш чи тавр ба майдони набард афтодани ӯро намедонанд.
Ислом Саидмуродов ҳанӯз 18- сол қабл ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир дар Русия зиндонӣ шуда буд, вале ҷисми беҷонашро аз Украина овардаанд.Пайвандонаш чӣ гуна ва аз сӯи кӣ ба ҷанги Украина бурда шудан ва дар кадом минтақаи ин кишвар кушта шуданашро аслан намедонанд. Қурбоналӣ Саидмуродов, бародари марҳум ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар бораи ба ҷанги Украина рафтани бародараш хабар надошт.
Ҷанозаи Ислом Саидмуродови 48-сола рӯзи 23-юми март дар шаҳри Норак барпо шуда, ҷисми беҷони ӯро дар зодгоҳаш, деҳаи Тутқавули ҷамоати Пули Сангини Норак ба хок супурданд. Аз Исломи номурод се фарзанд боқӣ монд.