Arzon march 2024
ТИКА таҳкими зерсохтори тандурустии Тоҷикистонро идома медиҳад
08.01.2025
промо
178

Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Бунгоҳи тиббии маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанберо азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонид. Ифтитоҳи маркази саломатии навшуда бо тантана баргузор гардид.

1_6

Бунгоҳи тиббии мазкур, ки соли 1973 таъсис ёфта, бо мурури замон бинобар афзоиши аҳолӣ ва норасоии инфрасохтор сатҳи хизматрасониаш паст гардида ТИКА буд, пас аз як лоиҳаи таҷдиди ҳамаҷониба барои расонидани хизматрасониҳои самаранок ва босифати тиббӣ ба мардуми минтақа омода карда шуд.

2_18

Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт, Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ва Ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал иштирок намуданд.

3_17

Муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар аз саҳми ТИКА дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз номи шаҳрдории Душанбе изҳори сипос намуд. Одилзода қайд намуд, ки барои марказҳои саломатӣ, ки сокинон онҷо хизматрасонии аввалияи тиббӣ мегиранд, зарур аст дорои инфрасохтори босифат ва замонавӣ бошад ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои судманд дар ин самт идома хоҳанд ёфт.

4_2

Ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал низ изҳор дошт, ки омодаанд ин дастгирии инфрасохторро бо барномаҳои гуногуни омӯзишӣ ва барномаҳои табодули таҷриба барои кормандони маъмурӣ ва табибон, ки дар соҳаи тандурустӣ кор мекунанд, дастгирӣ намоянд. Инчунин Унал аз табодули таҷрибаи Туркия дар соҳаи тандурустӣ бо кишвари дӯсту бародар - Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуд.

5

Бо татбиқи ин лоиҳа дар назар аст, ки Бунгоҳи тиббии маҳаллаи Гулбутта бо тарҳи нави худ ва зиёд шудани шумораи утоқҳову таҷҳизоти муосири тиббӣ барои баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба тақрибан 29500 нафар аҳолии маҳалла хизмат мерасонад.

6

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД