Тибқи иттилои манобеи “Оила” имрӯз бо фармонҳои Президенти кишвар дар як қатор ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳру ноҳияҳо тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Аз ҷумла Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода аз мақоми муовини раиси вилояти Хатлон озод шуда, раиси шаҳри Норак таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Дилшод Асозодаро иваз кард. Маълум нест, ки Асозода вазифаи нав гирифтааст ё не.
Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд. Абдусаломзода қаблан сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон буд.
Муминзода Мастура Табарӣ раиси шаҳри Левакант таъин шуд. Муъминзода то омадан ба ин мақом муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Ӯ ба ҷойи Файзиддинзода Бунафша омад, ки дирӯз раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Тағйироти кадрӣ идома дорад ва бо расидани иттилои нав шуморо огоҳ хоҳем кард.