Шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар расми ба истифода додани шуъбаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳри мазкур иштирок намудаанд.
Тавре зикр гардидааст, корҳои таъмирӣ дар шуъбаҳои номбурда бо сатҳу сифати баланд ва тибқи талаботи замон ба анҷом расонида шуда, дар онҳо барои табобати шаҳрвандон тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зимни боздид аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, аз кормандони соҳа даъват ба амал овардааст, ки минбаъд бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда тамоми кӯшишу талоши хешро баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ равона созанд.