formula feb 2025
Ташхиси ройгон дар тамоми муассисаҳои тиббии Тоҷикистон
04.04.2025
Oila.tj
504

Пагоҳ, 5-уми апрел аз соати 08:00 то 12:00 дар тамоми муассисаҳои тандурустии мамлакат, аз ҷумла дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо машварат ва ташхису муоинаи ройгони шаҳрвандон (ба истиснои ташхису табобати гаронарзиш) баргузор мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, машварат ва ташхису муоинаи ройгони шаҳрвандон ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ (7-уми апрел) бахшида мешавад.

5-уми апрел ҳамчунин дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши сатҳи баланди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат баргузор мегардад. Дар ин муассиса аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ баргузор мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД