Arzon march 2024
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ пазируфта шуд
457

 

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани “Рӯзи байналмилалии морхӯр” тариқи қатъномаи дахлдор бо иттифоқӣ пазируфт. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба Oila.tj хабар доданд.

Қатънома аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро ҳамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он инчунин аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки алакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст.

Бо қабул гардидани қатъномаи мазкур рӯзи 24-уми май “Рӯзи байналмилалии морхӯр” эълон гардид. Ҳамчунин дар санади мазкур аҳамияти 9-умин Конфронси ҷаҳонӣ оид ба намудҳои нодири ҳайвоноти ҷуфтсум, ки аз 12 то 15-уми октябри соли 2024 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таъкид шудааст.

Инчунин, дар доираи дастгирии Маҷмаи Умумии СММ санаи 24-уми майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенси”-и Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони “Таҷлили Рӯзи байналмилалии морхӯр: Мусоидат ба ҳифзи табиат ва рушди устувор” баргузор мегардад.

Табиати зебоманзари Тоҷикистон макони сукунати ҳайвоноти нодир мебошад. Морхӯр барои сукунат мавзеъҳои кӯҳии то 2700 метр аз соҳили баҳрро интихоб карда, дар ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ҳазрати Шоҳ, Сарсарак ва Дашти Ҷум дучор омадан мумкин аст. Ҳамчун ҳайвони камшумору нодир ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ва дар «Китоби сурх»-и байналхалқӣ дохил гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 аз ҷониби мутахассисони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо ходимони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвози ВМКБ, Данғара ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дар қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҳисоботи саршумори ин ҳайвоноти нодир гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳисоботи мазкур намояндагони Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN - МСОП) низ ширкат варзиданд. Тибқи гузориши охирини созмони мазкур айни ҳол саршумори ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон беш аз 6000 сарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакати мо таҷрибаи ҳифз ва нигоҳ доштани ин ҳайвони нодир дар чаҳон яке аз муваффақтаринҳо мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД