Arzon march 2024
Тарзи пухтани шӯрбои туркӣ
3915

Маҳсулоти лозима:
Равғани растанӣ – 2 қошуқ
Пиёз – 1 дона
Сабзӣ – 1 дона
Наски сурх (красная чечевица) – 2 стакан
Об – 2 литр
Барои пухтан
Равғани растанӣ – 2 қошуқча
Орд – 1 қошуқча
Афшӯраи помидор (томат) – 1 қошуқча
Намак, мурч – 1 қошуқча

Тарзи таҳия
Дар зарфи хӯрокпазӣ равғани растанӣ рехта, онро каме доғ мекунем ва пиёзро реза карда меандозему бирён мекунем. Сабзиро илова карда, боз камтари дигар бирён мекунем. Наскро пештар дар об тар карда мемонем ва онро ба хӯрок ҳамроҳ карда, 2 литр об мерезем, баъд болояшро мепӯшонем. Шӯрбо бояд дар оташи миёна пазад.

Дар ин миён тобаро болои оташ гузошта, 2 қошуқ равғани растанӣ мерезем ва ордро андохта, 1 дақиқа бирён мекунем, баъд хамираи помидорро илова карда, ҳамаашро нағзакак омехта мекунем. 200мл оби ҷӯшомада мерезем ва намаку мурч пошида, дар оташи паст меҷӯшонем.

Маҳсулоти дар тоба омода кардаамонро ба зарфи шӯрбо меандозем ва бо блендер хуб омехта мекунем.
Шӯрбои туркии бо наск тайёр шудро ба зарфи хӯрокхӯри бардошта бо пораи лимон ва хлеби сиёҳ истеъмол кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД