Дирӯз бахшида ба “Рӯзи Модар” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан чорабинии хеле зебо ва бошукӯҳи идона баргузор гашт.
Дар маҳфили пуршукӯҳи идона бонувони хизматнишондода, ветеранҳои арсаи меҳнат, аҳли фарҳангу адаби Истаравшан ва дигар чеҳраҳои шинохтаи ин диёри бостонӣ ширкат намуданд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ки Модар чун табиат офарандаи наслу тарбиятгари аҳли башар аст ва зиндагии инсониро бо ҳастии худ зебу зиннат мебахшад. Абдуазиз Зуҳурзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар маҳфил ширкат намуда, паёми шодбошии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Модар ба самъи ҳозирин расонид. Мавсуф бонувон ва аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори осоишта таманно намуд.
Сарояндаи маҳбуби тоҷик Нигина Амонқулова меҳмони фахрии ин маҳфил буд ва бо таронаҳои дилфиребаш хотири бонувонро шод гардонда, ба чорабинӣ ҳусну таровати дигар ато намуд. Бонувон бо ин сарояндаи булбуловози тоҷик ҳамовози намуда, дар ҳавои таронаҳои марғуби Нигина Амолнқулова рақсиданд.
Ин чорабинии фарҳангӣ сари як пиёла чой дар тарабхонаи ба номи "Фирдавси"-ӣ шаҳр идома ёфт.
Абдуғаффор Шодиев