Commerc banl
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи матбуот дар шаҳри Истаравшан
57

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бахшида ба Рӯзи матбуот ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма, рӯзноманигорон ва масъулони соҳа иштирок намуданд.

Тавре зимни ҳамоиш зикр гардид, имрӯзҳо дар шаҳри Истаравшан 70 нафар рӯзноманигорон фаъолият доранд, ки аз ин шумора 56 нафар узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Рӯзноманигорони шаҳр дар рушду пешрафти матбуоти маҳаллӣ саҳми арзанда гузошта, бо эҷоди маводи гуногуни иттилоотиву таҳлилӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва инъикоси воқеаҳои муҳими шаҳр фаъолона кор мебаранд.

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳамасола 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил карда мешавад. Ин сана ба рӯзи таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷик – “Бухорои шариф” рост омада, оғози рушди матбуоти тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки имрӯз дар шаҳри Истаравшан 7 рӯзнома, 1 телевизион ва 2 радио фаъолият доранд, ки дар таъмини сокинон бо иттилооти саривақтӣ ва боэътимод нақши муҳим мебозанд.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор рӯзноманигорони фаъол барои саҳми арзандаашон дар рушди матбуоти маҳаллӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Воситаҳои ахбори оммаи шаҳри Истаравшан

Нашрияи «Паёми Истаравшан» нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, аз 1-уми майи соли 1932 нашр мешавад. Ин рӯзнома дар солҳои аввали фаъолияташ бо номҳои «Колхозчӣ», «Роҳи сотсиализм» ва «Роҳи коммунизм» чоп мешуд. Аз соли 1991 номи «Паёми Истаравшан»-ро гирифт. Рӯзномаи мазкур тарғибгари сиёсати давлату ҳукумат буда, бо шиори «Халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист!» фаъолият мекунад. Саҳифаи расмии рӯзнома дар шабакаи иҷтимоии Facebook низ фаъол мебошад.

«Заҳматкаш» нашрияи минтақавии кумитаҳои Ҳизби коммунисти шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич ва Шаҳристон мебошад. Ин ҷарида 8-уми октябри соли 1992 фаъолияти худро оғоз намуда, бо шиори «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!» нашр мешавад. Нашрия бештар аз фаъолияти ташкилотҳои шаҳриву ноҳиявии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

«Ганҷи Ороста» аз 26-уми декабри соли 1996 таҳти шиори «Бо сухан пухта шавад хоми ҳама» нашр мешавад. Рӯзномаи мазкур ормонҳои аҳли илму фарҳангро инъикос намуда, ҷомеаро ба фарҳанги аҷдодӣ, расму оини миллӣ, ҳунару ҳунармандӣ ва илму адаб ошно месозад. Ҳамзамон барои ҳифзи забони модарӣ хизмат менамояд.

«Корвони умед» нашрияи фарҳангиву иттилоотӣ барои кӯдакону наврасон буда, рӯзномаи вилоятӣ маҳсуб меёбад. Ин ҷарида дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷалолиддин Балхӣ, инчунин дар ВМКБ намояндагони худро дорад. Рӯзнома аз моҳи декабри соли 2000 бо шиори «Ҷаҳоне пур зи мақсуд асту роҳе равшану пайдо» фаъолият мекунад.

«Нури дониш» нашрияи Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан мебошад. Ин рӯзнома аз 15-уми январи соли 2013 бо шиори «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан» ба табъ мерасад. Нашрия дастовардҳои соҳаи маорифро тарғиб намуда, ба омӯзгорон ёрии методӣ мерасонад ва ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ мусоидат мекунад.

«Афкори халқ» рӯзномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан мебошад. Ин нашрия аз моҳи марти соли 2015 бо шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» нашр шуда, бештар аз дастовардҳои ҳизб дар шаҳр мавод ба табъ мерасонад.

«Рухшона» аз моҳи марти соли 2018 таҳти шиори «Муҳаббат ба ватан аз оила оғоз меёбад» фаъолият мекунад. Ин нашрия асосан ба мавзуҳои иҷтимоӣ ва оилавӣ бахшида шуда, ҳаёту фаъолияти бонувон ва дастовардҳои онҳоро инъикос менамояд.

«Истаравшан HD» шабакаи телевизионии маҳаллии хусусӣ мебошад. Ин шабака фаъолияти худро аз соли 1991 оғоз карда, то соли 2021 бо номи «Афшин» фаъолият мекард. Аз соли 2021 номи он ба «Истаравшан HD» иваз гардид. Телевизион бештар аз навигариҳои минтақаи Истаравшан иттилоъ медиҳад.

«Дунё FM» радиои хусусӣ буда, аз соли 2015 ба фазои иттилоотии кишвар ворид шудааст. Мавҷи он 14 шаҳру навоҳии вилояти Суғд, қисман шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин шаҳрҳои Ош ва Бодкенти Қирғизистонро фаро мегирад. Радио шабонарӯзӣ барномаҳои иттилоотиву фароғатӣ пахш мекунад ва дар вилояти Суғд дар мавҷҳои 92.2 ва 91.1 фаъол аст.

«Парвин» радиои фарҳангӣ ва фароғативу иттилоотӣ буда, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан дар мавҷи 98.1 фаъолият мекунад. Радиои мазкур 7-уми майи соли 2022 ба фаъолият оғоз намуда, бештар аз рӯйдодҳои фарҳангиву иҷтимоии минтақа иттилоъ пахш мекунад ва ба тавсеаи ҷаҳонбинии мардум мусоидат менамояд.

Инҳо воситаҳои ахбори оммае мебошанд, ки имрӯз дар шаҳри Истаравшан фаъолияти пурсамар доранд. Қаблан дар ҳудуди шаҳр маҷаллаи фарҳангиву иттилоотии «Истаравшан», рӯзномаи соҳавии «Пайравони Сино» ва радиои фарҳангиву фароғатии «Авис плюс» низ фаъолият доштанд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД