Formula novemver 2024
Таҷлили ҷашни Сада дар Боғи Фирдавсӣ
391

Рӯзи 28-уми январи соли равон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Фирдавсии пойтахт ҷашни Сада таҷлил карда мешавад.

Тавре ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, дар доираи ин чорабинӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол ва тухми зироатҳои гуногун баргузор мегардад.

Ҷашни Сада бо иштироки санъаткорон ва дастаҳои фолклории минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ доир гашта, як барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.

Сада яке аз ҷашнҳои таърихии ниёгони мо буда, ҳамасола 50 рӯз қабл аз Наврӯз, дар интиҳои моҳи январи солшумории мелодӣ таҷлил карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ҷашни Сада ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД