Вақтҳои охир тез-тез зардаҷӯш мешавам. Шунидам, ки табиби машҳур Садриддиншоҳ Ҷалолӣ ба маризон дар бораи табобати бемориҳои гуногун бо усулҳои халқӣ маслиҳатҳои судманд медодааст. Аз ҳамин хотир бо умед ба шумо муроҷиат намудам, ки шояд ягон роҳи осони аз зардаҷӯш халос шуданро мегӯянд.
МАДИНА, аз ш. Ваҳдат
Мо арзи ин хонандаамонро аз табиби машҳур Садриддиншоҳ Ҷалолӣ расонднем. Дар ҷавоб ин табиби ҳозиқ чунин гуфтанд:
- Дар хонаи ҳар яки мову шумо давоҳои халқие ҳастанд, ки ба осонӣ касро аз зардаҷӯш халос карда метавонанд, вале аз онҳо истифода бур дан ба гӯшаи хаёли касе намеояд. Яке аз чунин давоҳол картошка мебошад.
Муъҷизаи картошка
Ду дона картошкаро пӯст карда, ранда намоед, яъне аз турбтарошаки сӯрохиҳояш хурд гузаронед. Картошкаҳои рандашударо дар дока гирифта нағзакак ҷабед, то шираашон барояд. 10 саҳар субҳ дар ношто шираи картошкаро бо каме оби ширгарм аралаш карда нӯши ҷон созед, аз зардаҷӯш ному нишон намемонад.
Оби авёс нӯшед
Як истакон бомус (авёс)-ро дар 1 литр об дар оташи паст то вақте ҷӯшонед, ки об нисф шавад. Ин гиёҳобро рӯзе 3 маротиба 1-пиёлагӣ, пеш аз хӯрок нӯшидан лозим аст.