Ман қариб 10 сол захми меъда дорам. Панҷ сол пеш дар ҳолати вазнин маро ба беморхона бурданд. Хунравӣ қариб ҷони ҷавонамро рабуда буд, вале табибон қариб маро муолиҷа намуда, захми меъда ва рӯдаи 12 ангуштаамро шифо бахшиданд. Пас аз ин як соли дароз парҳез кардам. Ҳолам хуб шуда буд, вале баъди се сол беморӣ аз нав хурӯҷ кард. Шароити имрӯза ба ҳама маълум, буҳрони иқтисодӣ ҳар як оиларо фарогир аст. Пул надорам, ки дар беморхона хобида табобат бигирам. Аксар вақт дар сомонаи шумо табиби машҳури мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ба табибон маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Ман ҳам бо умед муроҷиат намудам, ки шояд ин марди донишмнад ягон усули табобати халқии захми меъдаро мегӯянд.
СИРОҶИДДИН, аз Бохтар
Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:
- Дар муолиҷаи захми меъда ва рӯдаи 12 ангушта нақши аз ҳама муҳимро парҳез мебозад. Аз хӯрдани ғизоҳои сахт, бирёнӣ ва тезу тунд худдорӣ намуда, тавсияҳои моро иҷро кунед, албатта шифо меёбед. Инак, чанд даво барои дарди шумо!
Давои аввал
50 гр решаи гиёҳи ширинбӯяро дар 1 литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонда, сипас оташро хомӯш намоеду монед 6 соат истад. Пас аз 6 соат онро ба андозаи ним истаконӣ рӯзе 3 маротиба пеш аз хӯрок ё 1 соат пас аз истеъмоли таом нӯши ҷон намоед.
Давои дуюм
Дар мавриди захми меъда ва рӯдаи 12 ангушта осонтарин роҳи табобат он аст, ки ҳар саҳар пеш аз ношто як қошуқ асали тоза хӯрда, давоми 1 соат ягон чизи дигар нахӯранд. 40 рӯз ё ақаллан 1 моҳ ҳамин амалро ҳар субҳ иҷро кунед, пурра шифо меёбед.
Давои сеюм
Рӯз дар миён 20 гр барги тозаи газнаро дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонда, дар давоми 48 соат онро бинӯшед. Касоне, ки аз захми меъда азоб мекашанд, ҳамчунин бояд рӯзе 3 маротиба 1 қошуқӣ шираи барги зуф хӯрад. Шираи гиёҳи мушхор низ муфид аст. Ҳангоми хурӯҷи дарди меъда 1 соат ё ним соат пеш аз хӯрок 1 қошуқ равғани ангат хӯред.