Arzon march 2024
Табобати геморой ва захми рӯда бо давоҳои халқӣ
16.05.2025
Oila.tj
422

Салом! Падарам чандин сол боз ба бемории геморой гирифторанд, вале шарм дошта, ба назди духтур рафтан намехоҳанд. Вақтҳои охир ҳолашон бадтар шудааст. Ягон давои халқие ҳаст, ки геморойро нест кунад?

АМИНҶОН, аз Вахш

Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

- Геморой аз берун бошад, се литр оби гармро дар ванна ё тағора рехта, ба он 500 грамм намак илова намоед ва аз бемор хоҳиш кунед, ки дар даруни ин об то хунук шуданаш бишинад. Фақат эҳтиёт шавед, ки об аз ҳад зиёд сӯзон набошад. Ин амалро чанд бегоҳ такрор кардан лозим аст.

Давои гиёҳӣ барои табобати геморой

Барои таскини дарди бавосир 30 грамм гиёҳи чилбуғумро дар ним литр об ҳамагӣ 3 дақиқа ҷӯшонда, рӯзе 3-4 маротиба пеш аз хӯрок ба миқдори 50-граммӣ ба бемор нӯшонед.

Картошка ба геморой фоида дорад?

Мардуми рус барои таскини дарди геморой, яъне бавосир картошкаро мисли қалам тарошида, дар мақъад мегузоранд ва чанд соат нигоҳ медоранд. Ростӣ, мо дар таҷриба инро насанҷидаем, вале касоне, ки картошкаро истифода бурдаанд, мегӯянд дар ҳақиқат дардро таскин мебахшад.

Фаромӯш накунед, ки ба одами бавосир дошта ғизоҳои шабмонда, ғализ, тунду тезу шӯр, донагӣ, хӯрокҳои бирёнӣ ва нони гарми диладор зарар дорад. Ба падаратон хӯрокҳои парҳезии сабук дода, маслиҳат диҳед, ки бештар оби меваю сабзавотро нӯши ҷон созанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД