Arzon accountant
Табобати дарди пой ва намаки гардан бо фолга
893

Аксари бонувон фолгаро барои пухтани мурғ, моҳӣ ва гӯшт дар тафдон истифода мебаранд, вале онро дар табобати бемориҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Имрӯз мо дар бораи баъзе хусусиятҳои табобатии фолга ба шумо маълумот медиҳем.

Фолгаи алюминӣ, ки бештар барои пухтупаз истифода мешавад, маҳсулоти хеле аҷиб буда, хусусиятҳои зиёди табобатӣ дорад. Дар замонҳои қадим дар Чин онро бо мақсади халосӣ аз дард ба нуқтаҳои дардманди бадан гузошта мебастанд. Фолга махсусан барои табобати дарди пойҳо, миён, ҷамъшавии намак дар гардан ва умуман рагу пайванду устухонҳои инсон хеле муфид аст. Муҳимтар аз ҳама ин намуди табобат комилан безиён буда, барои халосӣ аз дарди мушак ва устухонҳо таъсири хеле хуб мерасонад.

Фолга ба кадом дардҳо давост?

Усули табобат бо фолгаро равоншифо-психотерапевти немис Вилгельм Рейх кашф намуда, тарзи дурусти истифодаи онро дар табобати бемориҳо ба пуррагӣ нишон додааст. Бо фолга бемориҳои илтиҳобӣ (простуда), дарду иллатҳои устухон, мушакҳо ва рагу пайванд, аз ҷумла радикулит, остеохондрози гардан ва ҳатто подаграро табобат кардан мумкин аст. Пораи фолгаи ба нуқтаи дардманди тан гузошташуда биотокро ба меридиан мунаккас намуда, ба узви дардманд таъсир мерасонад ва дар натиҷа дард гум мешавад.

Тарзи табобат бо фолга

Табобат бо фолгаи алюминӣ хеле осону сода аст. Як пора фолгаро ба рӯйи нуқтаи дардманди баданатон, масалан пой ё даст гузошта, бо бинт ё дока маҳкам мебандед. Фақат тарафи ялаққосии фолгаро ба ҷойи дардманд гузошта бастан лозим. Давраи табобат 10 рӯз аст, вале аллакай пас аз 1-3 рӯз дарди пой, гардан, мушакҳо ва дигар нуқтаҳои дардманди бадан гум шудан мегирад, вале табобатро идома додан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД