Табибони тоҷик бори аввал саратони ғадуди простатаро бо усули эндоскопӣ ҷарроҳӣ карданд
63

Дар таъхири тиби тоҷик бори аввал табибон ҷарроҳии саратони ғадуди простатаро бо усули эндоскопӣ ва буришҳои хурд анҷом доданд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, 5 бемори гирифтори саратони ғадуди простата дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” бо усули эндоскопӣ бомуваффақият ҷарроҳӣ карда шудаанд. Вазъи саломатии маризон баъди ҷарроҳӣ қаноатбахш арзёбӣ гаштааст.

“Усули нави ҷарроҳии ғадуди простата бо буришҳои хурд анҷом дода шуда, хунравӣ ва осебпазирии бофтаҳоро ба ҳадди ақал мерасонад. Дар натиҷа, баъди ҷарроҳӣ дард нисбатан камтар ва муҳлати бистаришавӣ кӯтоҳ буда, мариз пас аз 6-7 шабонарӯз ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардад”,- навиштааст манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД