formula
Сюрпризҳои навбатии Фараҳманд Каримов
720

Фараҳманд Каримов сарояндаи ҷавону маҳбуби тоҷик аст, ки бо садои фораму сурудҳои дишнишини худ ба дили хурду калон ҷой гирифтааст.

Ин сарояндаи саршинос таронаи нави худро бо номи “Тантанаи хотираҳо” дар ютуб-канали хеш пешкаши ҳаводорону мухлисон гардонид, ки мардум ин суруди ҷадидро бисёр хуб қабул карданд.

Дар ин клипи наваш сароянда чанд суруди халқиро бо тарзи замонавӣ бозхонӣ кардааст.

Инчунин, ӯ дар клип асбобу либосҳои миллии тоҷикиро истифода бурда, онҳоро тарғиб намуда, худи клип аз навори филмҳои қадима гирифта шудааст.

Фараҳманд Каримов, зимни сӯҳбат бо "Оила" гуфт, рӯзҳои наздик мухлисонашро сюрпризҳои зиёд интизор аст. Аз ҷумла, 1 сентябр бори аввал дар Қасри “Ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри бостонии Хуҷанд шоу- консерти худро таҳти унвони “Зангулаи ишқ “ пешниҳод месозад.

Дар  ин консерт бисёр сурудҳои нав пешниҳод мешаванд ва онҳое, ки иштирок мекунанд, аввалин шунавандагони онҳо мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД