Formula novemver 2024
Сволочи! Ҳаромо!-Дод зад духтаре, ки бачаҳо дар сараш тухм шикастанд
3274

Дар бораи торафст суст шудани тарбия ва коста гаштани ахлоқи ҷавонон бисёр мегӯянду менависанд. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз як навори дигар пурҳангома пайдо шуд, ки аз беадабии ҷавонон, аниқараш хонандагони мактаб нақл мекунад.

image_2021-12-22_17-35-38
Навор аз синфхонаи кадом як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бардошта шудааст, ки зоҳиран ба мактабҳои шаҳрӣ монандӣ дорад. Дар ин навор як гурӯҳ бачаҳо, ки хонандагони синфҳои болоӣ буданашон маълум аст, дар сари як духтарак, ки шояд ҳамсинфашон бошад, пай дар пай чанд тухмро мешикананд.
Маълум нест, ки бачаҳо духтарро бо ҳамин усул барои кадом як гуноҳаш ҷазо дода истодаанд ё ҳазлу шӯхӣ доранд, вале онҳо тухмҳоро шикаста, мисли шампун ба сари духтар мерезанд.

“Сволочи! Ҳаромо!” дод мезанад духтараки ҷабрдида ва бо сару рӯйи пур аз тухм аз онҳо дур мешавад...
Навор дар ҳоле бардошта шудааст, ки синфхона пур аз хонандагон аст, вале касе ба моҷаро шарик намешавад, баръакс дигарон чи тавр дар сари духтар тухм шикастани бачаҳоро бо шавқ тамошо мекунанд ва ҳатто дар телефонҳои мобилии худ ин лаҳзаҳоро ба навор мегиранд. Дар синфхона 10-12 ҷавон ва чанд духтар бошанд ҳам, касе ба духтар ёрӣ намерасонад...
Пайдоиши чунин наворҳо аз торафт коста шудани тарбияи ахлоқӣ дар ҷомеаи суннатии мо дарак медиҳад. Вақти он расидааст, ки натанҳо масъулини мактабу маориф ва падар модарон, балки тамоми аҳли ҷомеа сари ин мавзуъ сар ба ҷайби андеша кашанд...
М. Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД