Arzon march 2024
СУТ аз таҳдидҳои нав ҳушдор дод
870

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хатари паҳншавии минбаъдаи бемории вабо дар ҷаҳонро хеле баланд арзёбӣ кард. Дар ин бора ин ниҳод дирӯӯз дар як номаи хабарӣ навишт.

Ба иттилои СУТ, ба ҳолати то 20 март аз 24 давлат гузоришҳо дар бораи ҳолатҳои нави беморӣ ба ҳдафтари марказии Ташкилот расидааст.

Созмон махсусан аз афзоиши фавтнокии марбут ба вабо нигарон аст. Бисёре аз кишварҳо дар бораи нишондиҳандаҳои аз андоза баланди фавтнокӣ дар муқоиса бо солҳои қаблӣ гузориш додаанд.

Дар паём гуфта шудааст, ки соли 2021 сатҳи миёнаи фавт дар саросари ҷаҳон 1,9% ва дар Африқо 2,9% -ро ташкил дод, ки баландтарин нишондиҳанда дар тӯли беш аз даҳ соли охир аст.

Бояд гуфт, вабо бемории махсусан хатарноки сироятӣ мебошад, ки аз бактерияи вергулшакли вабо ба вуҷуд меояд. Он тавассути ғизо ё оби сироятшуда ба бадан ворид мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД