goodwell
Суруде, ки дилҳоро ба ҳам пайваст
30

Шоҳрулло Абдуллоев аз ҷумлаи ҷавонони муваффақест, ки чун соҳибкори комёб, сарояндаи боистеъдод, оҳангсози ботаҷриба ва актёри бомаҳорат шинохта шудааст. Ӯ зодаи шаҳри Тошканд аст. Дар Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар Тошканд ва Академияи санъати драмавии Амрико таҳсил гирифтааст.

Дар се забон - ӯзбекӣ, англисӣ ва русӣ озодона суҳбат мекунад. Алҳол роҳбарии ширкати бисёрсоҳаеро дар ӯҳда дорад. Дар баробари дастовардҳои назаррас дар бахши соҳибкорӣ тавонистааст ҷойгоҳи хоси худро дар олами мусиқӣ низ пайдо кунад.

Сурудҳои ин сарояндаи ҷавон бештар бо оҳангҳои замонавӣ, матнҳои пурэҳсос ва иҷрои самимӣ фарқ мекунанд. Ҳамзамон, ӯ бо чанд нафар сарояндагони маъруф ҳамкорӣ намуда, дар филмҳо низ нақш офаридааст. Чанде пеш Шоҳрулло якҷо бо Фаррух Ҳасанов – сарояндаи ҷавону умедбахши Тоҷикистон ва барандаи озмуни байналмилалии телевизионии «Биё, ҳама бо ҳам месароем!» («Ну-ка, все вместе!») суруди «Ватан»-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иҷро карданд. Ин тарона аз ҷониби ҳаводорони мусиқӣ, бахусус, мардуми ду кишвари дӯсту бародар хеле хуш истиқбол гардид. Суруд дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, пайванди таърихиву фарҳангии ду халқи ҳамтақдиру давлати ҳамсарҳадро васф намуда, метавон гуфт, ки ба яке аз намунаҳои беҳтарини ҳамкории фарҳангии ҳунармандони ду кишвар табдил ёфт.

Зимни суҳбат бо Шоҳрулло дар бораи роҳи эҷодӣ ӯ таъкид кард, ки дар муҳити хонаводааш санъаткорон нестанд. Падараш Саъдулло Убайдуллоев соҳибкор, модараш Камола Убайдуллоева шифокор-пулмонолог аст. Хешовандонаш низ аҳли илму намояндагони тиҷоратанд.

- Аз ҳамин сабаб, интихоби роҳи санъат барои ман осон набуд, - иброз дошт Ш. Абдуллоев. - Волидонам дар аввал фикр мекарданд, ки ин як ҳавас аст. Лекин азми ман қатъӣ буд. Ҳатто ба Академияи санъати драмавии Амрико пинҳонӣ ҳуҷҷат супоридам ва танҳо баъд аз дохил шудан ба волидонам гуфтам. Падарам инро шунида, «хай, нағз» гуфтанду халос. Баъдтар диданд, ки азми ҷазм дорам, маро дастгирӣ карданд. Дар ин самт, омили асосие, ки бароям такон бахшид, ин санъат, мусиқии «поп» буд. Аз 14-солагӣ дар пианино машқ карда, аз пайи офаридани оҳанг шудам. Аввалин оҳанги худро соли 2008, ҳангоми будубош дар Туркия эҷод кардам. Дуруст, ки онҳо хеле содда буданд, аммо маҳз ҳамон таҷриба оғози роҳи эҷодиям гардиданд. Аз охири соли 2019 ба саҳнаи мусиқии касбӣ қадам ниҳодам ва тӯли чанд соли охир чанд суруду тарона, аз ҷумла «Падар», «Лола», «Дар куҷоӣ», «Бовар намекунам», «Алвидоъ», «Шаб»-ро пешкаши ҳаводорон кардам.

- Гуфтед, ки Шумо бо муҳити фарҳангӣ, бахусус, санъати давлатҳои хориҷӣ, сарояндагони бурунмарзӣ ошно ҳастед ва ҳатто тӯли солҳо дар фазои фарҳангии Амрико таҳсил намудед. Ҳамчун як сарояндаи ҷаҳондида, барои пешрафти минбаъдаи соҳаи санъат дар мамлакатамон татбиқи чӣ гуна чорабиниҳоро муҳим мешуморед?

- Боиси эътироф аст, ки солҳои охир дар кишвари мо ҷиҳати рушди соҳаи маданият ислоҳоти густурда амалӣ мегардад. Натиҷаҳо низ назаррасанд: мактабҳои махсуси санъат таъсис меёбанд, озмуну фестивалҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд ва чеҳраҳои нави боистеъдод рӯйи саҳна меоянд. Дар баробари ин пешрафтҳо, ҳанӯз омилҳое ҳастанд, ки рушди соҳаро дар ҳадде маҳдуд месозанд. Яке аз онҳо сензура аст. Ба назари ман, санъат бояд озод нафас кашад. Вақте барои андеша, сабк ва эҷод чорчӯба гузошта мешавад, имкони зуҳури истеъдоди воқеӣ кам мегардад. Сензура на танҳо ҷасорати эҷодиро кам менамояд, балки рангорангии фарҳангиро низ аз байн мебарад.

Дуюм - ҳифзи ҳуқуқи муаллиф. Мутаассифона, ин низом дар ҷомеаи мо ҳанӯз хуб ташаккул наёфтааст ва назорат дар ин самт хеле суст. Имрӯз аксарият тавассути интернет сурудҳоро ройгон дастрас мекунанд. Вақте маҳсулоти эҷодӣ бидуни ҳифзи ҳуқуқ паҳн мешавад, ҳунарманд имкони рушди мустақилро аз даст медиҳад.

Ин аст, ки имрӯз аксар санъаткорон ба тӯйҳо вобаста шудаанд. Чунки барои онҳо тӯй ягона манбаи даромад шудааст. Вақте даромад нест, имкони эҷод ҳам кам мешавад. Ва вақте эҷод заиф гардад, санъат низ наметавонад ба сатҳи баланд рушд кунад. Агар мо воқеан пешрафти фарҳангро хоҳем, бояд на танҳо истеъдодро кашф кунем, балки барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии эҷод низ заминаи воқеӣ фароҳам оварем.

- Акнун меоем ба сари масъалае, ки боиси мулоқоти имрӯзаи мо гардид. Яъне мехоҳем дар бораи ҳамкориҳои худ бо сарояндаи тоҷик Фаррух Ҳасанов, таърихи офаридани суруди «Ватан» маълумот диҳед...

- Тиҷорати мо асосан дорусозӣ аст. Дар ин самт бо як қатор кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорем, аз ҷумла бо соҳибкорони Тоҷикистон. Соли гузашта зимни суҳбате бо онҳо аз пирӯзии Фаррух дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!»-и шабакаи телевизионии «Россия-1», ки ман онро доимо пайгирӣ мекунам, ёдовар шудам. Гуфтам, ки қариб ҳар баромадашро тамошо кардам. Санъати самимӣ, овози ҷаззоб ва эҳсоси зинда дорад. Гуфтанд, ки ӯро хуб мешиносанд ва ба воситаи онҳо мо шинос шудем. Аз ҳамон рӯз фикри офаридани як суруди муштарак пайдо шуд. Мо чанд намунаи матну оҳангро ба ҳамдигар фиристодем. Мақсади мо офаридани як суруди лирикии шӯху ҷаззобу рақсӣ буд. Аз байн чанд моҳ гузашт. Охирҳои соли гузашта буд, ки ногаҳон ғояи эҷоди суруде дар бораи «Ватан» ба зеҳнам омад. Ин интихоби тасодуфӣ набуд. Зеро, Ватан барои ҳар як инсон саҷдагоҳи муқаддас аст. Ватанро мо дар меҳри модар, навозиши падар, бӯйи нони гарм, дар рангу нақши гулдӯзӣ ва ҳатто дар ҳар гулу гиёҳи сарзамин эҳсос мекунем. Ман намунаи аввалини оҳангро сабт карда, ба ӯ фиристодам. Ӯ онро хеле хуш пазируфт. Баъдан ду маротиба ба Тошканд омад. Мо якҷо рӯйи ҳар мисраъ ва ҳар нота кор кардем ва онро ба шакли комил овардем. Ният доштем, ки сурудро дар арафаи ҷашни Наврӯз пешкаши мухлисон кунем. Аммо дар ин байн директори Фаррух – Луся пешниҳод кард, ки барои нашри суруд андаке сабр намоем. Маълум шуд, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таронаи «Ватан»-ро барои барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» интихоб кардааст. Ин хабар бароям воқеан ғайричашмдошт буд. Аз ин бисёр шод шудам. Чунки баромад дар назди президентҳои ду мамлакат бахт ва муваффақияти бузург аст. Мо бо мамнуният розӣ шудем. Дар шаби консерт сурудро бо кафкӯбиҳои давомдор истиқбол намуданд. Аммо таъсири воқеии он баъдтар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар эҳсос гардид. Дар як фосилаи кӯтоҳ қариб сесад ҳазор нафар аз гӯшаву канори ҷаҳон онро тамошо карданд ва ҳазорон нафар бо эҳсосу муҳаббат шарҳу назар навиштанд. Ин ҳама бори дигар собит кард, ки санъат сарҳад надорад. Суруд метавонад мисли сафири сулҳу дӯстӣ мардумро ба ҳам оварад, дилҳоро пайвандад ва эҳсоси ягонагиву муҳаббатро дар миёни миллатҳо зинда нигоҳ дорад.

- Оё шумо ният доред, ки сурудҳои тоҷикӣ низ эҷод кунед?

- Чанд сол пеш суруди русие бо номи «Падар» навишта, оҳанг бастам. Дертар гунаи ӯзбекии онро ҳам сурудам. Мухлисон нағз қабул карданд. Алҳол матни тоҷикии ин суруд омода аст. Мехоҳам онро пешкаши ҳаводорон намоям. Инчунин, иҷрои таронаҳои нави тоҷикӣ ҳам дар нақша аст.

- Шуморо метавонем соҳибкор ва санъаткори комёб бигӯем. Ба назари Шумо, омилҳои асосии ба муваффақият расидани инсон кадомҳоянд?

- Пеш аз ҳама, бояд инсон буд. Зеро мо дар ҳама гуна ҳолат ва дар ҳар самт бо одамон сарукор дорем. Бинобар ин, агар одамияти мо суст бошад, истеъдоду тавоноии бузург ҳам наметавонад ба мо обрӯ ва эҳтиром оварад. Дуюм, ҳамеша дар назди худ мақсадҳои бузургро бояд гузошт ва дар роҳи расидан ба онҳо набояд ба сухан ва мулоҳизаҳои атрофиён бисёр диққат кард. Зеро ҳамеша касоне пайдо мешаванд, ки ноумед кунанд. Муҳим он аст, ки мақсади амиқ, нақшаи пухта ва иродаи устувор дошта бошем. Сеюм, машғул шудан ба муҳокима ва айбҷӯии дигарон инсонро аз пешрафт дур мекунад. Касе, ки вақташро барои баррасии зиндагии дигарон сарф мекунад, барои сохтани зиндагии худ фурсат намеёбад. Чорум, зимни иҷрои кор диққати худро танҳо ба як амал ё масъала равона кардан муҳим аст. Инсон наметавонад дар як вақт чанд корро бо сифати баланд анҷом диҳад. Аз ин рӯ, як корро ба анҷом нарасонда, набояд аз пайи кори дигар шуд. Ва ниҳоят, ростгӯиву ростқавлӣ пояи ҳама гуна комёбист. Новобаста аз он ки инсон дар тиҷорат аст, дар санъат ё дар ҳар соҳаи дигар, маҳз ростӣ ба ӯ эътимод, обрӯ ва ҳамкорони самимӣ меорад.

- Орзуҳои шумо дар ҷодаи санъат?

- Мехоҳам сурудҳое эҷод кунам, ки дар дилу дидаи мардум ҷой гиранд. Сурудҳое, ки инсон онҳоро бо меҳру самимият бишнавад, бо онҳо бихандад, андеша кунад ва ҳатто ашк резад. Мехоҳам оҳангҳоям дар атрофи фаввораҳои шаҳр, дар кӯчаву хиёбонҳо, дар тантанаҳои бошукӯҳ садо диҳанд.

Боз як орзуи дигарам офаридани нақшҳои ҷолиб ва фаромӯшнопазир дар филмҳост. Мақсад дорам бо меҳнати пайваста ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ба сатҳи баланди ҳунари синамо расам ва соҳиби ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ гардам.

Мусоҳиб: Фаридуни ФАРҲОДЗОД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД