Formula novemver 2024
"СУРУДБАРАК"-И НИГИНА АМОНҚУЛОВА ВА СИТО ҚОСИМӢ
20.05.2021
Р. Азимӣ
2228
Овозхони номии тоҷик Нигина Амонқулова ва ҳунарманди зодаи Афғонистон Сито Қосимӣ дар сурудхонӣ "қувваозмоӣ" кардаанд.

Тавре дар навори дар саҳифаи Нигина Амонқулова дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаааст, дида мешавад, ин пешниҳодро Сито Қосимӣ кардааст ва хонум Нигина пазируфтааст.

"Нигинаҷон, биёед як антокшарӣ кунем. Антокшарӣ - яъне ба кадом ҳарфе оҳанг тамом шавад, бо ҳамон ҳарф як оҳанг (тарона - идора) мехонем", - тавзеҳ медиҳад вай.
Замзамаро Нигина Амонқулова оғоз мекунад ва Сито Қосимӣ идома медиҳад.
Ҳамин тавр ҳарду ҳудуди 7 дақиқа "сурудбарак" мекунанд ва дар анҷом Сито Қосимӣ як таронаи ҳиндӣ мехонад ва мегӯяд, "д".

Нигиина Амонқулова, ки тибқи гуфтаи Сито бояд бо "д" таронаеро мехонд, ки бо ин ҳарф оғоз шавад, як таронаи ҳиндиро низ сароиданӣ мешавад, ки Қосимӣ ӯро "ислоҳ" мекунад ва мегӯяд, ин тарона на бо калимаи "дил", балки бо "тум" оғоз мешавад ва ҳарду механданд.

Дар ҳамин ҷо Сито Қосимӣ ба Нигина Амонқулова "вақт медиҳад" ва хонум Нигина Суруди миллиро "Диёри арҷманди мо" гӯён мехонаду аз вазъият мебарояд.
Ҳарду "қувваозмоиашон"-ро бо замзамаи таронаи Дӯстӣ" анҷом медиҳанд.

https://www.facebook.com/100044623560402/videos/256104272964234

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД