Навори дар яке аз беморхонаҳои кишвари Ҳиндустон бистарӣ шудани сарояндаи номвари тоҷик Сурайё Қосимова миёни мухлисонаш сарусадои зиёде барангехт. Нафаре мегуфт, ки сарояндаи маъруф бемор аст, дигаре талаби дуои хайр менамуд.
Сурайё Қосимова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои маъруфи санъати тоҷик, барои ташхис ва табобат ба Ҳиндустон рафтааст. Ба гуфтаи наздиконаш, вазъи саломатии овозхон хуб буда, натиҷаҳои ташхис низ нигаронкунанда нестанд.
Рӯзигул, духтари калонии Сурайё Қосимова, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки модараш бо мушкили ҷигар рӯ ба рӯ буда, айни ҳол дар шаҳри Деҳлӣ аз ташхис ва як давраи муолиҷа мегузарад. Ба гуфтаи ӯ, Сурайё Қосимова бояд ҳар сол барои назорати вазъи саломатӣ ба Ҳиндустон сафар мекард, аммо тайи се соли охир чунин имконият фароҳам нашуда буд.
Наздикони ҳунарманд таъкид кардаанд, ки вазъи ӯ вазнин нест ва овозаҳои паҳншуда дар бораи бад шудани саломатиаш асоси ҷиддӣ надоранд. Тибқи иттилои Рӯзигул, натиҷаҳои ташхиси ахир хуб буда, баъди анҷоми давраи муолиҷа онҳо ният доранд ба Тоҷикистон баргарданд.
Ин бори аввал нест, ки Сурайё Қосимова барои мушкили саломатӣ ба табобат ниёз пайдо мекунад. Расонаҳо соли 2016 низ аз бистарӣ шудани ӯ дар бахши бемориҳои ҷигар ва меъда хабар дода буданд. Баъдтар ҳунарманд барои муолиҷа ба Ҳиндустон бурда шуд. Дар он давра низ ӯ вазъи худро муътадил арзёбӣ карда, аз мухлисон хоста буд, ки нигарон набошанд.
Сурайё Қосимова яке аз ситораҳои бузурги эстрадаи тоҷик аст. Ӯ хеле барвақт ба саҳна қадам гузошт ва аз синни 13-солагӣ фаъолияти касбии худро оғоз кард. Дар як суҳбати пешинааш гуфта буд, ки хоҳари калониаш Садбарг Қосимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дар ворид шудани ӯ ба муҳити ҳунар нақши муҳим доштааст. Аввал ҳамчун раққоса ва баъдан ҳамчун сароянда дар театри Кӯлоб фаъолият кардааст.
Номи Сурайё Қосимова бештар бо таронаҳои мардумӣ, бадеҳа ва сабки хоси овозхонӣ шинохта мешавад. Ӯ дар тӯли даҳсолаҳо яке аз чеҳраҳои маҳбуби саҳнаи тоҷик боқӣ монда, анъанаи ҳунарии хонаводаро низ идома додааст. Духтаронаш Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед аз сарояндагони шинохтаи эстрадаи тоҷик мебошанд.
Ҳоло наздикони ҳунарманд мегӯянд, ки саломатии ӯ хуб аст ва пас аз анҷоми муолиҷа ба Ватан бармегардад.
Мо ҳама дуо мекунем, ки сарояндаи номвари мо ҳам зуд шифо ёфта ба Ватанд баргардад.
СИПЕҲР