Сулаймон Сафаров аз зумраи ҷавонони боистеъдоде мебошад, ки ҳам ҳунари сарояндагӣ ва ҳам маҳорати актёрӣ дорад. Соли гузашта дар фаъолияти эҷодии ин марди ҳунар чӣ бурду бохтҳо буданд? Атрофи ин мавзуъ мо бо Сулаймон суҳбати ширине оростем, ки фишурдааш манзури шумо - хонандагони азиз мегардад.
- Соле, ки сипарӣ шуд, дар фаъолияти эҷодии шумо чӣ бурду чӣ бохтҳо дошт?
- Албатта ҳар як сол ҳам бурду ҳам бохтҳо дорад. Шукри Худо, соли 2024 барои аҳли оилаи мо соли хуб ва бидуни ягон талафот буд. Дар ҷодаи санъат низ соли бобарор буд, чанд проектҳои нотамомро дар ин сол ба охир расонида, лоиҳаҳои нав ва ҷолибро оғоз намудем.
- Чаро бо Набиҷон Пирматов дигар ҳамкорӣ накарда истодаед? То ҷое мо фаҳмидем, байни шумо нофаҳмиҳо рух додааст?
- Не, байни ману Набиҷон ягон нофаҳмӣ нашудааст. Ман дар оянда боз бо ӯ ҳамкорӣ мекунам. Умуман, барои ҳамкорӣ бо тамоми мардон ва занони эҷодкор ҳамеша омода ҳастам.
- Мехостем дар бораи силсилафилми "Маска", ки ба охир расид, каме ҳарф мезадед. Чаро ин филм баъди як сол ду қисм пешниҳод шуду ба охир расид?
- Филм мушкилиҳои зиёд дошт. Пеш аз ҳама буҷет надошт. Мо бо такудави зиёд каме маблағ пайдо карда, филмро ба анҷом расонидем. Душворӣ аз ҳисоби ҳунармандон ҳам буд. Аксарияташон бо сабабҳои шахсӣ ва дигар мушкилиҳои шахсӣ аз филм баромаданд, вале ба ин нигоҳ накардамо ин филмро ба анҷом расондем.
- Дар бораи филми навӣ мазҳакавии "Чойхона" чӣ гуфта метавонед?
- Ин филм аз 10 қисм иборат аст. Айни ҳол мо сабт карда истодаем. Муаллиф Умеда Раҳимова, коргардони филми “Чойхона “Шӯҳрат Қурбонов аст. Филм аз ҷониби онлайн кинотеатри Primer.tj омода шуда истодааст. Нақшҳои асосиро худи ман ва устод Лутфулло Давлатов, Парвиз Ашуров, Макс Қосимов, Умедҷони Султонзод, Нодира Мазитова ва Сабина Шаймардонова бозӣ мекунанд. Мо кӯшиш карда истодаем, ки ин филмро дар сатҳи баланд ба навор гирем. Пас аз 2 моҳ филм омода мешавад. Мо аввал пурра 10 қисмро омода мекунем, баъдан пешкаши мухлисон месозем. Мардум ин филмро дар як сайт Primer.tj тамошо карда метавонанд. Ин филм на дар ютуб ва на дар ягон шабака пешкаш намегардад.
- Барои шумо душвор нест ҳам сароянда будану ҳам дар доираи чанд проект кор кардан?
- Албатта душвор, вале ин касби ман аст. Ман онро дӯст медорам. Вақте кореро дӯст медорӣ, душвориҳояш монеъ намешавад. Ман аз ҳар лаҳзаи корам лаззат мебарам. Дар ҷодаи сарояндагӣ имсол якум албомамро ба анҷом расонидам. Дар ин албом 17 суруд аст ва 16 таронааш бо клип пешкаш шудааст. Ҳамаи ин маблағи калонро талаб мекунад, вале мо кӯшиш карда, пешкаш мекунам. Кӯшиш мекунем, ки ҳамеша ба мардум шодиву нишот бахшем.
- Таманниёти шумо барои мухлисони сомона?
- Бигзор соли 2025 пур аз хотираҳои нек бошаду тамоми мардуми тоҷик сарбаланд ва хонаобод бошанд.