Ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.
Савол:
Бо ҳамсарам дар суд баҳси муайян намудани ҷои истиқомати кӯдакро дорем. Суд зимни ҳал намудани масъалаи номбурда, фикри кӯдакро ба эътибор мегирад ё не?
Ширин, шаҳри Душанбе.
Ҷавоб:
Мувофиқи талаботи моддаи 57, иловаи 1 Кодекси оила қўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кўдаки аз сини даҳсола боло ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намояд.