Ситораҳои Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон барои 10 миллион рубл мубориза мебаранд
Реалити-шоуи машҳури шабакаи ТНТ —«Выжить в…» мавсими нави худро дар Тоҷикистон ба навор мегирад. Ба иттилоирасонаҳои русӣ, продюсерони лоиҳа барои сабти мавсими нави шоу дар Тоҷикистонба мувофиқа расидаанд. Қаблан барнома дар Дубай, Самарқанд ва Истамбулнаворбардорӣ шуда буд. Ровиёни маъруфи лоиҳа Павел Воля ва Ляйсан Утяшевамебошанд. Дар ин барнома ду даста, ситораҳои шоу-бизнесва иштирокчиёни одӣ, барои гузаштан аз озмоишҳои гуногун рақобатмекунанд. Консепсияи шоу бар муқобили ду шароити зиндагӣ асос ёфтааст: ғолибонимарҳилаҳо имкони истироҳат дар шароити бароҳатро пайдо мекунанд, дар ҳоле кидастаи мағлуб бояд дар шароити сахти табии кӯҳӣ зиндагӣ кунад.Дар мавсими «Выжить в Самарканде» низ иштирокчиён миёни меҳмонхонаи боҳашаматва лагери кӯҳӣ интихоб мешуданд. Ҷоизаи асосии
лоиҳа 10 миллион рубл мебошад. Интизор меравад, ки мавсими нави «Выжитьв…» имкони муаррифии манзараҳои кӯҳӣ, табиат ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонроба мухотабони васеъ фароҳам кунад.