Sebiston new 2024 october
Ситораҳои машҳури ҷаҳон дар бораи МОДАР чӣ мегӯянд?
526


Беҳуда нагуфтаанд: “Модар бо як дасташ гавҳораю бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад!”
Дар ҳақиқат модар бузург аст ва тамоми бузургони олам пеши модар сари таъзим фуруд меоранд. Ба ифтихори “Рӯзи Модар” мо суханони машҳуртарин ситораҳои ҷаҳонро дар бораи модар манзури шумо-хонандагони азизи сомонаиОила. ТЧ мегардонем.

Анҷелина Ҷоли: Муҳаббату дӯстдориро аз модарам омӯхтам 

Модарам дар ман ҳисси муҳаббати бепоёнро тарбия кардааст. Шояд ман дар ҷавонӣ каме саркашу тоқатнопазир будам, аммо ҳамеша дар замири ман муҳаббату дӯстдорӣ вуҷуд дошт.

Кейт Уинслет: Таслим шудан аз пушаймонӣ беҳтар аст
Ҳама ба модар ниёз дорад, аз ин рӯ, бо ӯ қатъиян ҷанҷол накунед. Беҳтар аст, ки таслим шавед. Ба пеши модар сар фуруд овардан беҳтар аз он аст, ки баъд барои ҷанҷол карданатон эҳсоси пушаймонӣ кунед.

Шарлиз Терон: Ғамхорӣ карданро аз модарам омӯхтам

Модарам барои ман ҳамеша намунаи олии як инсон буд. Ман аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтам, махсусан дар бораи ба худ ва дигарон ғамхорӣ карданро.

Силвестр Сталлоне: Модарам танҳо 2 бор маро бӯсидааст, вале..
Дар тамоми даврони хурдсолӣ модари ман ҳамагӣ ду бор маро бӯсидааст. Сабаби дилсардии модарамро ман дар пош хӯрдани ӯ бо падарам медонам. Ӯ ин зарбаро хеле сахт қабул карда буд. Аммо ман аз модарам ҳаргиз хафа нестам. Ӯ ба ҳама гуна муносибат ҳақ дошт.

Кирк Дуглас: Модарам худаш гурусна мехобиду ба гадоён нон медод
Ману модарам зиндагонии хеле душвор ва пур аз камбудӣ доштем. Ёд дорам, дар кӯдакӣ дар ҳуҷраи хурдакакамон нишаста будем, ки дари хона тақ-тақ шуд. Қариб ҳар бегоҳ як гадо пушти дари мо омада, нону хӯрок талаб мекард. Гарчанде ки барои худамон ғизо камӣ мекард, модари дилсӯзи ман ҳамеша барои ин зумра мардум чизе меёфт ва аз ин кораш хеле хушҳол мешуд. Қисмат ҷавоби хубиҳои модарамро сад бор зиёдтар ба ӯ баргардонд.

Одри Ҳепберн: Модарам ба ман бахшиданро омӯхт
Тамоми умр модарам ба ман талқин кардааст, ки инсон бояд бахшанда бошад. Вай итминон дошт, ки муҳаббат бахшидан назар ба қабул кардани муҳаббат муҳимтар аст.

Мерил Стрип: Орзу мекардам, ки мисли модарам бошам
Модари ман шуғлҳои зиёде дошт, ошпазӣ яке аз онҳо буд... Зиндагиро дӯст медошт ва хуб медонист, ки аз он чи гуна лаззат барад... Дар ман хислатҳои падар зиёд аст, аммо тамоми умр орзу мекардам, ки мисли модарам бошам.

Рената Литвинова: Модарам ҳаёташро ба ман бахшид
Ман медидам, ки модарам маро ба тамоми вуҷудаш дӯст медорад; кӯшиш мекунад, ки пули бештар ба даст оварад ва бо ман ба тамошои баҳр биравад. Ӯ тамоми ҳастиашро ба ман бахшида буд. Шабона барои ман куртаҳои зебо медӯхт ва рӯзҳои истироҳат барои намоиши филмҳои хуб пул медод. Бегоҳиҳо аксар вақт бо ҳам ба тамошои филм мерафтем ва хотираҳои зиёдеро эҷод мекардем. Вай ба ман дӯст доштани филмҳоро ёд дод.

Георгий Женов: Пеши модар таъзим мекунам!
Барои ман аз ҳама муҳим ва муқаддастарин чиз дар зиндагӣ модарам аст.

Сара Мишел Геллар: Панди модарамро ҳаргиз фаромӯш намекунам!
Модарам ҳамеша мегуфт: «Агар шумо имконияти хурде дошта бошед, ки ба дигарон кӯмак кунед, кӯмак кунед». Ман ин панди модарамро ҳаргиз фаромӯш намекунам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД