Arzon march 2024
Ситораҳои ҷаҳон дар гирдоби «коронавирус»
2339

Том Ҳэнкс ва ҳамсараш Рита Уилсон, ҳунармандони машҳури амрикоӣ, ки қаблан ба «коронавирус» гирифтор шуда буданду дар Австралия табобат мегирифтанд, аз беморхона мураххас шудаанд. Дар ин бора писари онҳо Чет Ҳэнкс дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

«Онҳо аз беморхона ҷавоб шуданд, вале ҳоло ҳам дар ҳолати карантинӣ қарор доранд, то дубора ба ин вирус сироят наёбанд. Ҳолашон хуб аст ва худро аз пештара хубтар ҳис мекунанд»,-навиштааст, Чет. Ҳамчунин, ӯ аз номи худ ва аз номи падару модараш ба ҳамаи онҳое, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, шифои комил хостааст. Том ва Рита барои наворбардории филми нав ба Австралия сафар карда буданд, аммо «коронавирус» нақшаҳои онҳоро муваққатан барбод дод. Ба ҳар ҳол, вазъи саломатии зану шавҳар айни замон хуб аст.

Идрис Элба, ҳунарманди шинохтаи бритонӣ низ ба вируси навъи COVID-19 ё «коронавирус» гирифтор шудааст. «Ман аз ташхис гузаштам ва мутаассифона, ҷавоби мусбат гирифтам. Ҳолам хуб аст, вале дар танҳоӣ ҳастам. Нишонаҳои беморӣ қариб, ки намондааст. Шумо низ дар хона бимонед ва оқил бошеду наҳаросед»,-навиштааст, Идрис дар саҳифаи Твиттераш. Идрис 47 сол дорад ва зодаи шаҳри Лондон мебошад.


Сафина аз рашк худро ба дор овехт


Кристофер Ҳивю, ҳунарманди норвегӣ мубталои «коронавирус» шудааст. «Мутаассифона, аз ташхис ҷавоби мусбат гирифтам. Ҳамроҳи оилаам дар хона ҳастам ва саломатиам низ хуб аст. Мисле ки ба зукоми сабук гирифтор шудаам»,-навиштааст, ҳунарманд дар саҳифаи Инстаграми худ. Ӯ аз корбарони саҳифааш даъват кардааст, ки якҷо барои пешгирии «коронавирус» мубориза баранд. «Биёед, барои пешгирии ин вирус ҳамроҳ мубориза барем. Мо метавонем, паҳншавии «коронавирус»-ро боздорем ва ин бӯҳронро дар беморхонаҳои худ пешгирӣ кунем. Ғамхори ҳамдигар бошед, масофаро нигор доред ва саломат бошед!»,-илова кардааст, ҳунарманд. Кристофер 41-сола ва зодаи шаҳри Ослои Норвегия мебошад. Ӯро бештар аз филми «Бозии тахтнишинҳо» мешиносанд.
Олга Куриленко, ҳунарпеша ва модели украинӣ аз гирифтории худ ба «коронавирус» хабар додааст. Ҳунарпеша дар саҳифаи Инстаграми худ навиштааст, ки ҳарораташ ба 38,5-39 дараҷа расида бошад ҳам, табибон ӯро бистарӣ кардан нахостаанд. Аз бемористон ба ӯ гуфтаанд, ки танҳо нафарони ҳолашон аз ҳад вазнинро қабул мекунанд. «Тамоми беморхона аз одам пур аст. Агар ҳолатон бадтар шавад, дубора ба «Ёрии таъҷилӣ» занг занед. Ҳоло бошад, қабул карда наметавонем»,-гуфтаанд, аз бемористон ба Олга. Ӯ ба «коронавирус» гирифтор буданашро замоне фаҳмид, ки ҳарораташ ба 39 дараҷа расида буд. Бо «Ёрии таъҷилӣ» ба беморхона рафт ва баъди ташхис маълум шуд, ки сироят ёфта будааст. Табибон ҳоли ӯро хуб арзёбӣ карда, тавсия додаанд, ки дар ҳолати бад шудани вазъи саломатиаш дубора бо «Ёрии таъҷилӣ» тамос гирад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД