Яғмур Танрисевсин, ҳунарпеша ва тарроҳи 30-солаи турк ба бемории COVID-19 гирифтор шудааст. Ба гуфтаи ҳунарпеша, беморӣ ба ӯ аз ҳамсояҳояш сироят кардааст.
“Чанд ҳамсояи ман ба COVID-19 гирифтор шуданд. Баъдан ман ҳам таб карда, ба дарди сари шадид дучор шудам. Вақте аз ташхиси COVID-19 гузаштам, ҷавобаш мусбӣ баромад. Ҳоло дар хона ба карантин фаро гирифта шуда, табобат мегирам”,-мегӯяд ҳунарпеша. Яғмурро тамошобинон аз силсилафилмҳои “Дар интизори офтоб” ва “Ду дурӯғгӯй” мешиносанд. Ксения Мишина, ҳунарпешаи 31-солаи севастополӣ низ ба COVID-19 гирифтор шудааст. “Ҳолам хуб аст, вале бӯй ва маззаро ҳис намекунам. Табобатам ду ҳафтаи дигар тӯл мекашад”,-мегӯяд ҳунарпеша.
Ксения бо филмҳои “Ҳамсояи бад” ва “Ҳақиқати урён” машҳур аст. Ҳамчунин, Алёна Савраненко, рэпсарои 29-солаи украинӣ, ки бо тахаллуси “Alyona Alyona” шинохта аст, ба COVID-19 мубтало гаштааст.
“Ягона беморие, ки маро азият медод, гайморит буд. Вақте як қисми биниям варам карду ба назди духтур рафтам, дар беморхона ташхис нишон дод, ки мубталои COVID-19 гаштаам”,-мегӯяд овозхон. Алёна афзудааст, ки алҳол бӯй ва тамъро намефаҳмад ва дар карантин қарор дорад.