arzon replenishment
Ситораи машҳури Боливуд аз дунё даргузашт
2037

Ситораи болливуд ва мафтункунандаи қалби тамошобинони синамои Ҳинд Риши Капур аз бемории саратон аз олам чашм пӯшид.


Дар ин бора рӯзномаи бонуфӯзи амрикоӣ "The New York Times" хабар медиҳад.

Соли 2018 ташхис нишон дод, ки ситораи ҳиндӣ мубталои бемории лейкимия шудааст. Ӯ бо нияти табобат гирифтан ба шаҳри Ню-Йорк кӯчид, аммо моҳи сентябри соли гузашта ба зодгоҳаш-шаҳри Мумбай баргашт. Ҳунарманд дар синни 67-солагӣ аз дунё даргузашт.


Падарбузурги ӯ Притхвираҷ Капур, падар Раҷ Капур, бародарон Рандхир и Раҷив, ҳамчунин, писару ҷиянҳояш низ дар филм нақш офаридаанд. Филмҳои аз ҳама машҳуртарини Риши Капур инҳо маҳсуб меёбанд: — «Пока я жив», «Слепая любовь», «Немного любви, немного магии», «Студент года», «Ты и я», «Бобби», «Огненный путь», «Любовь вчера и сегодня» и «Амар, Акбар, Антони».

29-апрел маълум шуд, ки ҳунарманди дигари синамои Ҳинд Ирфон Хони 53 сола низ аз дунё чашм пӯшидааст. Ӯ дар филмҳои зерин нақш бозидааст:-«Миллионер из трущоб» и «ЖизньПи». Сабаби маргаш ҳанӯз муайян нашудааст.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД