Formula novemver 2024
Ситораи Болливуд синаморо тарк карда, ҳамшираи шафқат шуд
1541

 

ё чаро Шикха Малхотра ба коронавирус ва инсулт гирифтор гашт?

 

Яке аз зеботарин ситораҳои синамои ҳинд-Шикха Малхотра имрӯз ба қаҳрамони миллии Ҳиндустон табдил ёфтааст. Ин париваш воқеан шоистаи ситоиш аст, зеро ҳатто баъзе мардони рустамбозу дилу гурда намекунанд, ки ба хотири наҷоти ҳамдиёрони худ чунин қаҳрамонию ҷоннисорӣ намоянд...

Зебосанаме, ки Шоҳрух-Хонро қоил кард

Шикха Малхотра ҳамагӣ 25 сол дорад, вале ба ҷавониаш нигоҳ накарда, ба қатори дурахшонтарин ситораҳои Болливуд дохил мешавад. Ин зебосанами фариштарӯй дар бисёр филмҳои хеле машҳури ҳиндӣ нақшҳои марказиро бозида, образҳои хотирмоне офаридааст, ки ӯро на танҳо дар ватанаш, балки берун аз марзи Ҳиндустон низ машҳур гардонидаанд. Аз ҷумла дар филми Каанчли “Жизнь в трясине» Шикха Малхотра нақши асосиро мебозад. Нақшҳои дар «Бегущий Шаади» (2017) ва «Фанат» бозидааш низ басо хотирмон ва дилчаспу ҷаззбанд. Дар “Фанат”Шикха ҳамроҳи ситораи №1-и Ҳиндустон Шоҳрух-Хон нақш бозида, ин ҳунарманди дар сар то сари ҷаҳон машҳурро қоил карда буд, аммо...

Табибе, ки ситораи синамо шуд

Волидони Малхотра табиб буда, ихтисоси аввалини худи Шикха низ ҳамшираи шафқат аст. Пеш аз он ки актриса шавад, ин париваш дар колеҷи тиббӣ таҳсил намуда, нозукиҳои илми тибро омӯхта буд, аммо ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки рӯзе аз баҳри касби сердаромад ва бо обрӯи актёрӣ гузашта, дар беморхона ба кор медарояд, лекин тавре ки мегӯянд, зиндагӣ баъзан бо кас чунон бозиҳое мекунад, ки..

Соли фалокатбор

Соли 2020 барои мардуми Ҳиндустон соли фалокатбор гардид. Пандемияи коронавирус якбора чунон авҷ гириф, ки ҳамарӯза дар гӯшаву канорҳои гуногуни ин сарзамини бекарон ҳазорон-ҳазор одамон ба ин беморӣ гирифтор мешуданд. Вирус ба мисли вабо бо суръати кайҳонӣ паҳн мегашт. Шумораи афроди аз коронавирус сироятёфта рӯз то рӯз не, соат ба соат ва лаҳза ба лаҳза меафзуд. Беморхонаҳо аз норасоии табибон душворӣ мекашиданд, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, аз тарси сироят ёфтан баъзе табибон пешаи худро тарк мекарданд...

Актриса- ҳамшираи шафқат

Ана дар ҳамон рӯзҳои душвор актриса Шикха Малхотра коре кард, ки ҳатто баъзе мардони ҳузарб ба чунин қаҳрамонӣ қодир набуданд-актриса аз баҳри касби худ гузашта, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Бомбей ба сифати волонтёр ба фаъолият шурӯъ намуд, то ба касоне, ки ба ковид-19 гирифтор шудаанд, ёрии тиббӣ расонида, қарзи худро дар назди Ватан ва халқаш адо намояд.

Ба ақли бисёриҳо намеғунҷид, ки чӣ тавр кас метавонад ба хотири наҷот додани ҷони одамони бегона аз коронавирус аз баҳри синамо, аз баҳри Болливуд ва аз баҳри обрӯву нуфузи худ гузарад, аммо Шикха он лаҳзаҳо танҳо дар бораи чӣ тавр ёрӣ расонидан ба беморон фикр мекарду халос...

«Пеш аз оне, ки актриса бошам, ман ҳамшираи шафқат ҳастам ва наметавонистам муборизаи бе амони байни маргу зиндагиро бо чашми сар дида, бетараф бимонам. Аз ҳамин хотир, бо ихтиёри худ ҳамчун волонтер дар беморхона ба фаъолият оғоз намудам. Иқрор мешавам, ки бисёр душвор буд, зеро ба талошҳои кормандони тиб нигоҳ накарда, ҳамарӯза беморони зиёде аз коронавирус ҷон медоданд, вале онҳое, ки шифо меёфтанд, аз шодӣ ашк рехта, дастони табибонро бӯса мекарданд. Бо дидани ин манзараҳо рӯҳияи ман тағйир ёфта, солортар шудам ва акнун ба зиндагӣ бо чашми дигар нигоҳ мекунам...”-гуфтааст Шикха Малхотра дар сӯҳбат бо Aljazeera.

Коронавирус+инсулт

Шикха Малхотра ҳамроҳи модараш дар шӯъбаи бемориҳои сироятӣ фаъолият менамуд. Ҷонбозиҳои кормандони қатории тиб барои наҷот додани ҷони беморон ба ӯ илҳом мебахшиданд. Духтарак бо чашми сар медид, ки чӣ тавр табибон ҷони худро дар хатар гузошта, ба касоне, ки ба Ковид-19 гирифтор ҳастанд, ёрии тиббӣ мерасонанд ва маризонро мисли фарзандони худашон парасторӣ менамоянд. Шикха низ кӯшиш мекард, ки аз ҷону дил ба беморон хизмат кунад. Зебосанами раҳмдил барои наҷоти ҷони маризони ба ин вируси маргзо мубталогашта тамоми кори аз дасташ меомадаро мекард, аммо....

Пас аз ҳафт моҳ худи Шикха Малхотра ба Ковид-19 гирифтор шуд. Раванди бемориаш бисёр вазнин гузашта, муддати як моҳ байни маргу зиндагӣ қарор дошт. Ин ситораи Болливуд гоҳ бе ҳушу гоҳ ба ҳуш барои зиндагӣ мубориза мебурд ва билохира тавонист бо кӯмаки табибон ин бемориро мағлуб созад. Тақрибан як моҳ пас ҳоли Шикха каме беҳтар шуда, ӯро аз беморхона ҷавоб доданд. Волидонаш ашки шодӣ мерехтанд, ки ниҳоят духтари нозанинашон ба по хест, вале аз байн чанд рӯз нагузашта, тақдир ба онҳо боз як зарбаи сахту бераҳмона зад....

Шикха ба инсулт гирифтор шуда, тарафи рости баданаш ба пуррагӣ аз кор монд. Тавре худи актриса иқрор шудааст, вақти ба коронавирус гирифтор шуданаш, вай он қадар азоб накашида буд, ки баъди инсулт кашид. “Ман заррае умед надоштам, ки рӯзе аз бистари беморӣ бармехезам. Фикр мекардам, ки агар ягон мӯъҷиза рӯй дода, зинда монам ҳам, маъюб шуда, як умр ба дигарон мӯҳтоҷ хоҳам гашт,”-рӯзҳои сахти аз сар гузаронидаашро ба ёд оварда, дарди дил мекунад Шикха...

Як нимаи танаш кор намекард, вале саломатиаш ниҳоят бад бошад ҳам, рӯҳи муборизаш намегузошт, ки актриса пеши дарду ранҷу беморӣ таслим шавад. Вай дар болои кати бемористон хобида, филми наваш “Каанчли»-ро, ки пеш аз саршавии пандемия ба навор гирифта шуда буд, фаъолона дар Instagram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ мекард.

“Ҷисми ман мисли мурда карахт аст, вале вақте дар бораи “Каанчли” фикр мекунам, дилам лабрези фараҳу шодӣ мегардад. Дар ин филм ман нақши асосиро бозидаам ва аз он афсӯс мехӯрам, ки аз тамошои нахустнамоиши он бе баҳра мемонам. Ман давраи бениҳоят душворро аз сар гузаронида истодаам ва ба дастгирии равонию маънавии шумо, мухлисони азизам ниёз дорам,”-ба ҳаводорони ҳунараш муроҷиат намуда, навишта буд ҳамон шабу рӯзҳоШикха Малхотра.

Бозгашт ба зиндагӣ

Рӯҳи муборизи зебосанам билохира бар беморӣ ғолиб омада, дубора ба по бархост. Маъмулан осори беморӣ дар шахсоне, ки инсултро аз сар гузаронидаанд, боқӣ мемонад, вале Шикха ба пуррагӣ аз ин дард шифо ёфта, имрӯз комилан худро солим эҳсос менамояд.

Шикха Малхотра иброз доштааст, ки дубора ба олами пуршӯру шари Болливуд бармегардад ва аллакай барои нақш офаридан дар филмҳои нав ба нав чандин пешниҳодҳои тоза ба дасташ расидаанд, вале ӯ мегӯяд, агар пандемия авҷ бигирад, тайёр аст, ки боз аз баҳри синамо гузашта, ҳамшираи шафқат шавад ва ба беморон ёрӣ расонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД