Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Сито Қосимӣ.
Сол ва ҷои таваллуд: 06.04.1983, шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.
Касб: овозхон ва оҳангсоз.
Вазъи оилавӣ: феълан муҷаррад, соҳиби ду фарзанд.
Тоҷикистон дигар барои Сито Қосимӣ ҷои бегона нест, чун маротибаи чорум аст, ки ба кишвари офтобии мо сафар мекунад. Аз овозхонҳо бо Моҳираи Тоҳирӣ риштаи дӯстӣ дорад ва ҳадди ақал дар як сол як маротиба ба хабаргирии дӯстонаш меояд. Дар баробари ин, суруд ё оҳанги наве эҷод карда, хотири ҳаводоронашро низ шод мегардонад. Суҳбате доштем атрофи номи Сито, ҳиҷраташ ба Олмон, оғози фаъолияти эҷодӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёташ.
-Сито, дуруди кулли тоҷикистониёро ба шумо мерасонам!
-Салому дуруд хидмати тоҷикистониёни азиз ва тамоми ҳамзабонон.
-То ҷое ман медонам, Сито номи форсӣ нест. Чаро ин номро ба шумо гузоштаанд?
-Сито як исми ҳиндӣ аст, ки мардуми Ҳиндустон бисёр ба ин ном эҳтиром доранд. Вақте мефаҳманд, ки Сито ном дорам, пеш аз ҳама ба хотири номам эҳтиром мекунанд.
-Исмҳои ҳиндӣ зиёданд, аммо чаро маҳз Сито? Ин номро бароятон кӣ интихоб кардааст?
-Падару модарам ҳунарпешаи ҳинд Ҳема Малинӣ ва филми “Зита ва Гита” (“Seeta Aur Geeta”)-ро зиёд дӯст медоранд. Ба ҳамин хотир, вақте ман ба дунё меоям, номи Сито (Зита)-ро ба ман мегузоранд. Албатта, як номи дигар ҳам дорам, аммо бо он ном қариб, ки касе садоям намекунад.
-Номи дигаратон чӣ аст?
-Исми дигарам Нозия аст, аммо чуноне гуфтам, бо ин ном садоям намекунанд. Исми Сито бароям бештар писанд аст, чун худам ҳам мухлиси Ҳема Малинӣ будаму ҳастам. Ёдам ҳаст, ки хурд будам ва аз падарам хоҳиш мекардам, ки маро ба назди Ҳема Малинӣ бубарад. Падарам “Намешавад, туро ба он ҷо бурдан мушкил аст” мегуфт. “Агар маро бурда наметавонед, пас ӯро ба назди ман биёред” мегуфтам. Боз ҳам падарам “Намешавад” мегуфт. “Ин тавр ки бошад, барояш хат менависам” мегуфтам ва аз падарам хоҳиш мекардам, ки хатҳои навиштаи маро ба Ҳема Малинӣ равон кунад. Дар мактубҳоям менавиштам, ки “Ҳема Малиниҷон, ман шуморо хеле дӯст медорам. Лутфан, ба назди ман биёед, чун падару модарам маро ба назди шумо намебаранд”. Он замон ҳамагӣ 5-6-сола будам.
-Дар 5-6-солагӣ аллакай хондаву навишта метавонистед?
-Албатта, 3-4-сола будам, ки падарам ба ман хондану навиштанро омӯзонида буд.
-Вақте бузург шудед, аз падаратон пурсидед, ки он номаҳоро ба Ҳема Малинӣ бурд ё на?
-Падарам имкон надошт, ки он номаҳоро ба Ҳиндустон фиристад. Ҳар боре гап сари Ҳиндустон равад, падарам мегӯяд, ки “Дили ту ҳеҷ аз Ҳиндустон сард нашуд”. Ҳиндустонро, мардуми онро хеле дӯст медорам.
-Ин орзуи кӯдакии шумо, яъне дидори Ҳема Малинӣ мисли орзу боқӣ монд ё ба орзуи худ расидед?
-Боре дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон, дар як маркази савдо дар лифт бо Ҳема Малинӣ рӯ ба рӯ шудам. Аслан, ман ҳеҷ интизор набудам, ки ӯро мебинам. Ӯ ба ман менигарист ва ман ба ӯ. Дари лифт кушода шуду ӯ рафт ва ман мондам. Ин лаҳзаи ҷолиб ҳеҷ аз ёдам намеравад.
-Дар оила чанд нафаред?
-Чор хоҳару ду бародар дорам, ки ҳамроҳ бо падару модарам дар Олмон зиндагӣ мекунем.
-Дар Афғонистон зиндагӣ кардаед?
-Ман дар шаҳри Кобул ба дунё омадаам ва тақрибан 13 соли умрам дар Афғонистон гузаштааст. Дар ин миён як сол дар Покистон будем ва баъдан ба Олмон рафтем.
-Барои чӣ ба Покистон рафтед?
-Давраи ҳукмронии “Толибон” буд ва мову мардуми зиёди Афғонистон муҳоҷир шуда, ба Покистон рафтем. Падарам сифр ба он хотир, ки мо аз таҳсил қафо намонем, моро ба Покистон бурд.
-Аз Покистон рафтед ба Олмон, яъне Аврупо. Аввали муҳоҷират мушкил набуд?
-Вақте ки мо аз кишваре ба мисли Афғонистон ё Покистон меравем ба Амрико ё Аврупо, зиндагӣ барои мо мушкил не, балки осон мешавад. Ба он хотир ки мо аз як шароити душвор ба кишваре меравем, ки тамоми шароит муҳайё аст.
-Забони олмониро омӯхтед?
-Бале. Боз ба ғайр аз забони олмониву форсӣ, ҳиндиву англисиро ҳам медонам.
-Фаъолияти ҳунарии шумо дар Олмон шурӯъ шуд?
-Аслан, ман аз хурдӣ ба ҳунару ҳунармандӣ завқ доштам, аммо иҷоза надоштам. Падарам бисёр зебо суруд мехонад, вале ӯ низ иҷоза надошт, ки суруд бихонад. Ба ҳамин хотир, вақте ки дар Аврупо будему ба падарам гуфтам, ки овозхон мешавам, ӯ иҷоза надод. “Вақте ки падарат нахонд, ту ҳам бояд нахонӣ” гуфт. Аммо ман одате дорам, ки агар кореро кардан хоҳам, онро ҳатман мекунам ва касе пеши роҳи маро гирифта наметавонад. Воқеан, оғози фаъолияти ман хеле ҷолиб аст. Он замон дар Олмон на шоиреро мешинохтаму на оҳангсозеро. Аз он сабабе ки зиёд алоқа доштам, худам шеър менавиштам ва худам оҳанг мебастам. Баъд бо ёрии як ҳамсинфам таронаеро сабт кардаму наворашро низ омода сохтам. Акнун мехостам, ки худро як маротиба дар телевизион бубинам. Сурудро ба шабакаи “Ориёно”-и Афғонистон фиристодам. Онро дар барномае пахш карданд ва ҳангоми овоздиҳӣ овози бештарро суруди ман гирифт. Хеле хурсанд шудам, ки сурудам бори аввал нашр шуду дар маротибаи аввал пешсаф гардид. Ба худ гуфта будам, ки як суруд мехонам ва агар мардум хуш қабул кунанд, идома медиҳам, агар на, бигзор ҳамин суруд аввалину охирин бошад. Вақте маро дар телевизион нишон доданд, падарам модарамро фарёд карду гуфт, ки “Биё, тамошо кун, ин духтар охир корашро кард”. Чанд рӯз ба рӯи падарам нигоҳ карда наметавонистам, чун бар хилофи гуфтаҳояш кор карда будам. Баъдан, пеши падарам ваъда додам, ки коре нахоҳам кард, то сари ӯ хам бишавад. Баръакс, кӯшиш мекунам, ки ҳунарамро мисли ибодатам пок нигоҳ дорам. Падар ба суханҳоям гӯш карду чизе нагуфт.
-Тавонистед, ки андешаи падарро тағйир бидиҳед?
-Албатта, аммо даҳ сол пас. Баъди даҳ сол падарам ҳунари маро пазируфт ва маро ба ин роҳ ташвиқ кард.
-Аз покиву ибодат ҳарф задед. Ибодат мекунед?
-Ҳар куҷое набошам, ҳадди ақал як вақт намозамро мехонам. Ибодатамро дӯст медорам. Худоямро дӯст медорам ва бештари вақт бо ӯ суҳбат мекунам.
-Миёни шумову Худои шумо чӣ ҳарфҳо сурат мегиранд?
-Баъзан вақт бо Худованд ханда мекунам ва аз ҳолатҳои хубу бадаш сипосгузорӣ низ мекунам. Баъзан гила мекунам, гиря ҳам мекунам.
-Дар бораи Тоҷикистон кай маълумот пайдо кардед?
-Бори аввал ба Тоҷикистон чор сол қабл бо даъвати “Qiam Intertainment” омада будам. Баъдан, бори дигар даъват карданд ва ҳамроҳ бо санъаткорони тоҷику ӯзбек дар арафи ҷашни Наврӯз дар барномаи консертие иштирок карда будем. Тоҷикон мардуми дӯстдоштанианд, чун бо ҳар кадоми онҳо зуд унс мегираму самимӣ мешавам.
-Қаблан гуфта буданд, ки барои духтарон дар Афғонистон мактаб месозед. Ҳоло корҳо дар кадом сатҳанд?
-Дар шароите, ки ҳоли ҳозир Афғонистон қарор дорад, кас чӣ кор карданашро намедонад. Мактабро созем, ки онро тарконанд, ҷони духтарон чӣ мешавад? Боз ин бемории COVID-19 пайдо шуд, ки корҳои моро каме ба таъхир андохт. Дар фикраш ҳастам, Худованд оромиро ато кунад, ман ҳатман мактаби ваъдагиро месозам, зеро корҳо аллакай шурӯъ шудаанд.
-Сито озод аст ё побанди издивоҷ?
-Феълан озод ҳастам.
-Ба мардуми Афғонистон чӣ паём доред?
-Паёми ман ҳамеша паёми сулҳ аст. Мехоҳам, ки ба рӯзҳои хурсандӣ бирасем. Дигар тоқати дидани марги ҷавонеро бо қалби пур аз орзу надорам.