Мубориз Усмонов, ровӣ, ҳунарманд ва овозхони 28-солаи тоҷик, дар рӯзи зодрӯзаш (19-уми июн) нахустин таронаро аз албоми наваш “Сипос” нашр намуд.
Таронаи ҷадид “Дона-дона” ном гирифта, шеъраш моли шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев мебошад. Ба суруди мазкур Шаҳбоз Носирҷонов оҳанг баста, он дар Ӯзбекистон банду баст шудааст. Тамошобинон “Дона-дона”-ро то кунун дар саҳифаи “Tamoshow” дар шабакаи YouTube зиёда аз 12 ҳазор маротиба аз назар гузаронидаанд. Чуноне худи Мубориз дар Инстаграм хабар додааст, таронаҳои “Эй дил”, “Наё” ва “Я тебя нашёл” низ аз албоми “Сипос” санаҳои 26-уми июн ва 3-юму 10-уми июл пахш хоҳанд шуд. Ҳамчунин, санаи 15-уми июл пахши шакли пурраи консерти овозхон ба нақша гирифта шудааст. Ёдовар мешавем, ки Усмонов 20-уми майи соли равон нахустконсерти худро дар Душанбе баргузор намуда, албоми наваш “Сипос”-ро муаррифӣ намуда буд.