Arzon march 2024
СИНАМО: СЕРҲАН ЯВАШ: ШАВҲАРИ АПАВУ ОШИҚИ ХОҲАР БУДАМ!
3532


Даричаи ошноӣ:
Серҳан Яваш яке аз машҳуртарин киноактиёрони кишвари Турсия б ҳисоб меравад. Ӯ 27 марди соли 1972 дар шаҳри зеботарини Турсия, ки Истамбул ном дорад ба дунё омадааст. Падараш вазири роҳи оҳан ва модараш духтури кардиология мебошад.

Ӯ аз айёми матабхонияш шавқи тамошои филмҳои ҷаҳониро дошт. Шуғли дўстдоштаи худро дар тамошои филмҳо дарёфт. Гарчанд ҳаваси актиёр шудан рагу пайвандашро ба ҳаяҷон меовард, вале тақдир риштаи ўро дар дигар соҳа пайваст намуд. Серҳан баъди хатми мактаби зодгоҳаш ба донишгоҳи Варзишдохил шуда, онҷоро бо муваффақият хатм намудааст.

Ӯро дар Турсия ба ҳайси варзишгари машҳур дар соҳаи теннис мешиносанд ва солҳост, ки дар давлаташ тренер оид ба соҳаи теннис шуда фаъолият дорад.

Қаду қомати зебо ва бозуву симои ҷиддӣ доштанаш ҳеҷ як киноматаграфҳои давлаташро беназар нагузошт. Вақтте чеҳраи Серҳан дар экрани телевизионхо пайдо шуд, дар дили синамогарон ғулғула афканда гашт. Акнун барои пайдо намиудани Серҳан суроғаашро меҷустанду бо зангҳои пай дар пай ўро ором намегузоштанд. Серҳан маҷбур нашу два рад ҳам накард, баракс орзуи кудакияшро ба ёд оварда, ба майдони филмофарӣ омад.

Аввалин филме, ки Серҳан Яваш дар он нақши асосӣро бозидааст, филми «Паук» мебошад. Ӯ дар ин филм нақши марди полисро бозида бошад ҳам аз нақш бозиданаш қаноатманд нагашт.

Дуюмин силсилафилми офаридаи ў сар то сари Турсияро ба ваҷд овард. Филм «Баъди борон» унвон дошта бошад ҳам Серҳан дар он ҷавони ятимро хеле олиҷаноб бозида, дар дилу дидаи мардум нақш баст. Ӯро ҳамагон маҳз аз рўи филми олфаридааш дўст доштанд. Духтарони ошиқ низ пайти муносиб ҷуста ба Серҳан мактубҳои ошиқона мефиристоданд.

Ҳайёти шахсӢ:
Ҳамагон дар бораи ин ҷавони ҳунардўст маълумот пайдо намудан мехостанд вале ягон рўзноманигор дар бораи Серҳан мақола навишта наметаваонист, чунки тамоми розҳои ин ҷавони хушимо пўшида буд ва касе оиди ҳайёти шахсии худ лаб намекушод. Касе дар бораи ишқварзиҳои ў низ намедонист. Аз пасаш чун соя даванд ҳам вале рўзноманигорон дар бораи ҳайёти шахсии ў чиз падо карда наметавонистанд. Билохира, муҳаббати мухлсион ғалаба намуд ва Серҳан Яваш маҷбур шуд ҳамагонро бо тьўйи домодияш огоҳ созад. Ӯ чоли 1999 бо духтари дўстдоштааш Ҷерин хонадор шуд. Соли 2001 ҳосили зиндагияшон ба бор омад ва гулдухтари зебое насиби ин оилаи хушбахт гашт.
Серҳан Яваш дар баробари касбҳои гуногун доштанаш боз моделер буд. Марди зебо ва донишман аст Серҳан. Ӯ академияи варзишро хатм намуда бошад ҳам ду соли дароз ба ҳайси тренери тениз кор нишон додааст. Серҳан характери душвор дорад. Бо ҳар кас забон ёфта наметавонад. Хеле ҷиддӣ ва камгап аст. Ҳамин хислаташро духтарони ошиқ дўст дошта, бо ҳар восита худашонро шайдои ишқи ин ҷавони ҳунарманд мегардонанд.

Охирин филме, ки Серҳан нақш бозидааст, ин силсилафилми «Модегор» аст, ки дар ин филм нақши Ҳорунро пеш бурда, дар соҳаи синамо инқилоби калонро ба даст овардааст. Мухлисони ин сериали бисёр ҳам зиёд ҳастанд, ин филм на дар Турсия балки дар Амрикову Осиё ва Эвропаву Африко низ мухлис пайдо намуд.

Ин силсилафилм дар бораи оилае, ки замоне тифоқу обрўманд буданду бо назардошти вақт рў ба парокандагӣ ниҳод.

Саодат модари Ҳорун занест, ки аз бемории руҳи ранҷ мебарад. Падараш Файз роҳбари ширкати тиҷоратист. Ҳорун одами хатарнок аст ва бо гурўҳи криминалӣ ҳамкорӣ мекунад. Ӯ дар ин филм бо ду апаву хоҳар ҳамхобагӣ намуда, бо ин рафтораш шаъну шарафи оилаашонро поймол кардааст.

Хоҳарон Одо ва Мелдо ошиқи зори Ҳорун ҳастанд ва байни худ моҷаро барпо намуда, оилаашонро шармандаи маҳалаашон гардонидаанд. Элдо духтари ҷасур бошад ҳам вале ба оғўши Ҳорун чи гуна даромаданашро нафаҳмида монд. Вақте аз ў ҳомиладор шуд ақлаш ба сараш зад. Ӯ аз хонаи падар фирор намуд. Хоҳараш Мелдо душмани ҷони хоҳар гашта бошад ҳам бо Ҳорун никоҳ мекунанд. Ин хабар ба гўши Эдо мерасад ва ў чи гуна ба ҷони худ қасд карда даст ба худкушӣ мезанад кас намефаҳмад. Духтрон ҷонашро аз қабзаи марг харида бошанд хам ў ба ҳуш омад ва болои сари худ ошиқаш Ҳорун дид. Онҳо боз бо ҳам меоянд вале…

Ҳодисаҳои филм хеле риқкатоваранда аст. Тамошобин наметаонад ҳар як серияи ўро беоби дида тамошо кунад. Пайрохаи тақдир Ҳорун ва Эдоро ба чиҳое рў ба рў намесозад. Вақте духтарчаашон Борон ба дунё омад, хушбахтии Ҳорун ва Эдо ҳаду канор наёфт. Онҳо бо ҳам омада, мехоханд никоҳ бубанданд вале Мелдо хоҳари калонии Эдо расман ҷудошавиро рад намуда, даъво мекунад,ки Хорун шавҳари қонунии ўст. Мақсаду мароми ду хохар танҳо ба даст овардани Ҳорун аст. Ҳорун ошиқи зори Эдо аст ва барои духтараш Борон ҷонашро фидо месозад, ҳатто ҳар як қадами дўстдоштааш Эдоро мавриди назар гирифта намегузорад, ки душманон ба ў шак намоянд. Билохира,баъди рақобьаҳои зиёд ду дилдода ба ҳам омада тўйи арўсияшонро барпо мекунанд. Дар ин рўз хавфу хатарҳо зиёд ба чашм расанд ҳам тамоми мушкилиҳо бавоситаи одамони ҳорун бартараф гардиданд.

Имрўзҳо Серҳан Яваш касби моделерияшро идома додаистодааст. Ӯро яке аз чеҳраҳои машҳури Олами синамо дар Турсия ва берун аз он мешиносанд. Ӯ бо оилааш Ҷерин ва духтарчааш Сехраи 13-сола мефахрад. Оилаи онҳо сарватманд бошад, ҳам вале кибру ғурур ва ҳавобаландӣ дар ҳастии Серҳан ба чашм намерасад. Ӯ ҳамеша пешгом аст ва мехоҳад барои бепарасторон кўмаки молӣ расонида дар даҳонашон табасуми ҳамушгиро диданист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД