Sebiston new 2024 october
Шумораи ширкатҳои воридкунандаи интернет ба 3 расид
411


Ширкатҳои “ТТ Мобайл (Мегафон)” ва “Индиго Тоҷикистон (Тcell)” иҷозатнома барои ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро гирифтанд.

“Иҷозатнома дар як маросим аз ҷониби сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур, ба масъулини ширкатҳо супурда шуд”, - навиштааст маркази матбуоти Хадамоти алоқа.

Ширкатҳои зикргардида рӯзҳои наздик ба ворид намудани интернети баландсуръат шуруъ хоҳанд кард, ки ин иқдом барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мегузорад.
Ҳамзамон, ин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан танҳо як ширкати “Тоҷиктелеком” - ниҳоди тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иҷозаи ворид намудани интернет ба ҷумҳуриро дошт ва акнун шумораи ширкатҳои воридкунандаи интернет ба се адад расид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД