Ин навбат мо бо сарояндаи ҷавону умедбахш Шукронаи Баҳодур ҳамсуҳбат шудем. Чун роҳи санъат ноҳамвор аст, бо ӯ доир ба интихоби ин роҳ, тай кардани мушкилиҳои зиёд ва то қадри имкон маъруфу маҳбуб шуданаш суҳбат кардем.
- Суҳбатамонро аз навгонии эҷодиатон оғоз кунем, хуб мешавад. Ба наздикӣ суруди нави шумо бо номи "Танҳоӣ" нашр шуд. Қиссаи тавлиди ин суруд чӣ гуна аст ва чаро чунин мазмун дорад?
- Аслан, суруди мазкурро Додихудо Асозода барои сарояндаи шинохта Камила Раҳимӣ навиштаву оҳанг баста буд, аммо вақте ки ман ин сурудро шунидам, ба дилам хеле наздик афтод ва хоҳиш кардам, ки ба ман диҳанд. Чун гуфтам, ки ба ҳаёти шахсии ман наздик аст, он кас ҳам дигар хоҳишамро рад накарданд.
- Эҷодкорон тавлиди як эҷодашонро баробари тавлиди фарзанд азиз медонанд, зеро заҳмати хеле зиёд мекашанд. Бигӯед, ки барои шумо тавлиди як суруд чӣ маъно дорад?
- Дуруст мегӯед, ҳар суруди мо ба монанди фарзанд азиз аст, зеро дар ҳар мисраи он порае аз зиндагиамонро дармеёбем. Шахсан ман сурудҳоеро интихоб карда месароям, ки ба зиндагиам рабте дошта бошанд ва ба мағз-мағзи ҷонам таъисир расонанд. Агар суруд ба худи сароянда таъсир расонида натавонад, пас ба шунаванда писанд намеояд, чун дар ҳар мисраъ бояд иҷрокунанда дардеро эҳсос кунад ва аз таҳти дил сарояд. Аз дил барояд то дар дилҳо ҷой шавад.
- Барои таҳияи як суруди нав чӣ қадар вақт сарф мекунед?
- Барои таҳияи суруд наметавон вақти муайян гуфт, зеро он аз як кас вобаста нест. Дар он шоир, оҳангсоз, танзимгар, продюсер, клипмейкер ва ғайраҳо кор мекунанд. Омодашавии як суруд тахминан то се моҳро дар бар мегирад.
- Чӣ сабаб шуд, ки шумо роҳи пурмашаққати санъатро пеша кардед?
- Аз овони хурдӣ мехостам санъаткор шавам, аммо аҳли оила зид буданд ва нагузоштанд, ки рӯйи саҳна бароям. Аммо бо гузашти вақт ва оиладору фарзанддор шудан ҳамон меҳру хоҳиши наврасӣ дубора пайдо шуд ва шукр, рӯи саҳнаи ҳунар омадам.
- Ҳоло аҳли оилаатон чӣ назар доранд?
- Шукр, ҳоло ҳамааш хуб аст ва дуогӯям ҳастанд.
- Роҳи санъат мушкил аст, махсусан барои духтарон мушкилтар. Ҳунарманд будани як духтари тоҷик чӣ душвориҳо дорад?
- Хеле мушкил аст, фиребу фитнаву найранг бисёр аст. Баъзан, ҳам пул медиҳем ва ҳам барои корамон медавем. Баъзан, фиреб хӯрда, маҳсуле мехарем, ки ба мардум хуш намеояд ва ғайраҳо. Яъне, барои ҷинси латиф дар миёни ноодамиҳову номардиҳо рушд намудан мушкил аст.
- Оё маълумоти расмии овозхонӣ доред? Умуман, барои ҳунарманд шудан диплом муҳим аст?
- Расман маълумоти олӣ надорам, аммо дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ машқи овоз мекунам.
- Шуморо мардум хеле зиёд дӯст дошт, хеле хуб қабул кард. Оё бовар доштед, ки дар муддати кӯтоҳ маъруфу маҳбуб мешавед?
- Ин лутфи шумост. Ҳоло бовар надорам, ки маъруфу маҳбуб гаштаам, аммо ба ояндаи нек ва корҳои калон бовар дорам. Итминон дорам, ки дар санъат корҳои калон хоҳам кард.
- Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки номи ҳунармандонро сиёҳ мекунанд ё назари хуб надоранд. Оё бо чунин касон шумо рӯ ба рӯ шудаед ва аслан назари мардум шуморо ғамгин карда метавонад?
- Ҳар гуна одамон ҳастанд. Назарҳои хубу бадро ҳам шунидем, аммо ман зиёд аҳамият намедиҳам, балки кори худамро пеш мебарам. Барои ман муҳим нест, ки кӣ чӣ мегӯяд, балки муҳим он аст, ки ман чӣ кор мекунам ва дар кадом роҳ рафта истодаам.
- Барои ҳунарманд шудан пеш аз ҳама овози Худодод лозим аст, ки шумо онро доред. Бигӯед, ки боз чӣ даркор аст, то ки як нафар ҳунарманди саршинос гардад?
- Тарбияи хуб доштану якрӯ будан муҳим аст. Санъат тоза аст ва тозаҳоро мепарварад..
- Аз нигоҳи шумо ҳунарманди воқеӣ кист?
- Ман ҳунарманди воқеӣ ҳоло Зулайхо Маҳмадшоеваро меҳисобам. Ба маънои том кӯшиш мекунанд, барои ҳунару санъати худ сидқан кор мекунанд ва шабу рӯз заҳмат мекашанд.
- Шумо бо кадом шоирону оҳангсозон ҳамкорӣ доред?
- Бо Орзу Исоев, Раҳмия Аюбӣ, Додихудо Асозода ва ғайраҳо ҳамкорӣ дорам.
- Бо кадом ҳунармандонамон ҳамкорӣ ва дӯстӣ доред?
- Қариб, ки бо ҳамаи ҳунармандон ҳамкорӣ ва дӯстӣ дорам. Ман ҳамаашонро ҳурмат мекунаму дӯст ҳастам.
- Ҳунарманд бояд худро мудом сайқал диҳад, бисёр кор кунад, зеро масъулияти зиёд дорад назди мухлисонаш. Шумо барои рушди ҳунаратон кадом корҳоро анҷом медиҳед?
- Бисёртар машқи овоз мекунам. Ҳар рӯз барои машқи овоз ва хуб сароидан чанд соат вақт ҷудо карда, тамрин мекунам.
- Суруду намоҳангҳои шумо шунавандаву бинандаи зиёд доранд. Оё фахру ифтихор мекунед, ки мухлисони зиёд доред?
- Бале, хеле ифтихор мекунам, ки шунаванда дорам. Ин доди Худост.
- Одатан, ба ҳунармандон мухлисонашон туҳфаҳои аҷиб мекунанд. Аз ҳама тӯҳфаи аҷибе, ки қабул кардаед, чист ва аз кист?
- Туҳфаи аҷиб барои ман сухани “Ман мухлиси шумо ҳастам ва шуморо гӯш мекунам” мебошад, ки чандин маротиба ба ман гуфтаанд.
- Ҳунармандон ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд: онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд ва онҳое, ки дар телевизион машҳуранд. Оё ният надоред, ки ба телевизион ҳам роҳ ёбед ва сурудҳоятон он ҷо пахш шаванд?
- Албатта, дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳам сурудҳоям дар шабакаҳои телевизионӣ низ пахш шаванд ва барои ин кӯшишу меҳнат мекунам.
- Дар Инстаграм хеле фаъолед. Хушбахтона, дар зери аксу навори шумо мардум суханони қабеҳ наменависанд. Оё менависанду тоза мекунед ё умуман наменависанд?
- Шукр, ки гапҳои қабеҳ наменависанд ва ин боиси хушнудист. Аммо дар умум, баъзан менависанд, ки “Инаш боз кӣ?”, “Ин сарояндаи нав кӣ аст?” ва ғайраҳо.
- Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред ва мухлисонатон аз шумо чӣ интизор шаванд?
- Нақшаҳои эҷодӣ албатта таҳияи сурудҳои хубу шуниданӣ ҳастанд, ки то қадри имкон барои ҳаводорони ҳунарам пешниҳод мекунам.