Имрӯз дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ таъйироти кадрӣ анҷом ёфт.
Мутобиқи тағйироти мазкур Файзулло Баротзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Душанбе барканор шуда, ба ҷояш дар ин мақом Шоҳрух Саидзода таъин шуд. Генерал Саидзода то ҳол сардори раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ ва яке аз кадрҳои ҷавони ин ниҳод буд.
Ҳамзамон, Абдулло Навҷувонов аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва Баҳодур Ваҳобзода аз мақоми сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт озод шуданд. Ҷойгузини онҳо ва вазифаҳои навашон маълум нест.
Дар ин баробар, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва роҳбарони ШКД дар як қатор шаҳру ноҳияҳо низ аз вазифа озод шуданд.