Шоира соли 1995 дар ш. Турсунзода ба дунё омадааст. Ӯ то синфи 4 – ум дар муассисаи №1 таҳсил карда, баъди ин дигар ба мактаб нарафт. Ӯ айни ҳол 25 сол дорад, аммо имсол синфи 10 шуд.
Вақте бо Шоира ҳамсуҳбат шудем, зиндагии маҳзунашро бароямон нақл кард. Ба гуфти ин духтарак оилаи онҳо динро аввалиндараҷа мешуморанд ва донишҳои дунёиро баъди он мегузоранд. “Сабаби асосии дер таҳсил кардани ман бародаронам ҳастаанд. Онҳо ба қавли худашон рашк мекардаанд ва намонданд, ки дар вақташ таҳсил кунам", - мегӯяд Шоир бо гиря.
Ӯ айни замон 25 - сола аст, аммо нав синфи 10 гузашт. “Баъд аз синфи 4 акаҳоям дигар намонданд, ки ба мактаб равам, лекин диламро аз таҳсил кардан ҳеҷ вақт накандам. Дар 22 - солагӣ таҳсиламро аз нав идома додам ва ба муассисаи қафомондаҳо рафтам. Дар ин муассиса дар як сол ду синфро хатм кардам ва акнун ба синфи 10 гузаштам”, - нақл кард Шоира.
МАЪЮБӢ ВА ДУР АЗ ТАҲСИЛ
- Вақте дар мактаб таҳсил карданатонро манъ карданд, бо чӣ корҳо машғул шудед?
- Чун таҳсилро дар мактаб қатъ кардам, дар ҳаёти ман воқеаҳои нохуши зиёде руй доданд. Як бор аз зинапоя ғалтидаму сутунмуҳраам шикаст. Чанд бор ҷарроҳӣ кардем ва акнун маъюби гуруҳи 3 – юм ҳастам.
- Гуфтед, ки маъюбед. Оё нафақаи маъюбӣ мегиред?
- Пештар ба ман нафақа медоданд барои маюбиам, аммо баъдан додани онро қатъ карданд. Вақте барои сабабашро фаҳмидан муроҷиат кардам, гуфтанд, ки “ту сиҳатӣ ва роҳ гашта метавонӣ” ва барои ҳамин нафақамро буридаанд. Лекин ман сиҳат нестам, охир. Ягон кори хонаро карда наметавонам.
НАФАҚА ВА ФИРЕБИ ДУХТУРОН
- Баъди ин барои барқарор кардани нафақаатон дигар ба ягон ҷо муроҷиат накардед?
- Чанд бор пеши духтурҳо рафтам. Гуфтам, ки саломатии ман хуб нест. Пас, барои чӣ нафақаамро буридед? Гуфтанд, ки як моҳ дар беморхона хоб мекунӣ ва баъд мо бароят ҳуҷҷат медиҳем, ки бо воситаи он нафақаатро аз нав барқарор мекунӣ.
- Баъд дар беморхона нахобидед?
- Ман аз куҷо пул меёбам барои дар беморхона хоб кардан? Падар надорам, бародаронам кӯмакам намекунанд, нафақаи модарам ба ҳеҷ чиз намерасад. Зиндагиамон азоби зор аст. Дигар надавидам баъд.
ТАҲСИЛИ ТАКРОРӢ БАЪДИ ИСТИРОҲАТ
- Барои таҳсилатонро давом додан чӣ тавр дили бародаронатонро ёфтед?
- Орзуи хонданро ҳеҷ вақт аз дилам набаровардам. Дар хона бисёртар китобҳои бадеӣ ва китобҳои дарсии ҷиянҳоямро гирифта гирифта мехондам. Шавқамро акаҳоям дида, ниҳоят розигӣ доданд ва ҳоло таҳсил дорам.
- Баъди чанд соли истироҳат таҳсил бароятон душвор нашуд?
- Чанде, ки тавонистам, аз китобҳои бадеиву дарсӣ савод гирифтам. Фанни забони тоҷикиро хуб медонам, аммо аз математика ҳатто тарҳу ҷамъи оддиро намедонам. Аз химияву физика бошад, ягон чизро намедонам. Бисёр азоб мекашам дар вақти дарсҳо.
ШОИРА, ШЕЪР ВА ШОИРӢ
Шоира ба номаш муносиб амал мекунад. Ӯ ҳарчанд сари вақт хонда натавонист, аммо шеър мегӯяд. Шеърҳояш соддаву равон ва дилчаспу муассиранд.
- Чӣ шуморо ба шеър гуфтан водор кардааст?
- Азоби зиндагӣ, дарду алам, ғами бепадарӣ, ранҷҳои маъбӣ ва ранҷи бародаронам маро ба дунёи шеър бурду имрӯз ошиқи қаламу суханам.
- Аслан дар бораи чӣ шеър мегӯед?
- Фироқ, ҷудоӣ, зиндагӣ, ишқ, дард
- Бо шоирон ҳамкорӣ доред?
- Не, ростӣ!
- Чаро?
-Шарм мекунам, ки суханҳои бемазмунамро шеър гӯяму ба ягон шоир пешниҳод кунам.
ИШҚ ВА ШЕЪР
- Мегӯянд шоирӣ ишқ аст. Оё ошиқ шудаед?
- Бале (механдад).
- Ҷавони зебост?
- Махфӣ монад бигзор. Аз акаҳоям метарсам.
Умедатон аз зиндагӣ чист?
- Бахти сафеду хурсандии модарам.
ОРЗУИ ДОНИШҶӮӢ
- Дар дил чӣ орзу доред?
- Мехоҳам донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ шавам.
- Чаро маҳз Коллеҷи тиббӣ?
- Худам, ки маъбам, мехоҳам ба дигар ҳамтақдиронам кӯмак расонаму ба онҳо шифол бахшам.
- Ба хонандаи мо шояд гуфтание доред?
- “Оила” – ро дӯст медорам ва мухлисаш ҳастам. Ба хонандааатон гуфтаниам, ки сарнавишти талхи маро такрор накунанду нагӯянд, ки духтарро чиву хонданаш чӣ.
- Ташаккур Шоирабону! Саломатиатонро мехоҳем. Худро эҳтиёт кунед.
- Ба шумо ташаккур, ки дарди дили маро шунавидед.