Шумораи донишҷӯдухтарон дар донишкадаи мо сол ба сол зиёдтар шуда истодааст. Айни ҳоло духтароне, ки за рӯи ихтисоси гуштии миллӣ тамрин мекунанд, шумораашон зиёда аз 20 нафарро ташкил медиҳад.
Пас аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоти варзиш миёни духтарон аз се ноҳияи вилояти Хатлон имсол 75 нафар ба донишкадаи мо духтар ҳуҷҷат месупоранд”-ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров имрӯз ин нуқтаро зимни нишасти хабарӣ қайд намуд.
Дар маҷмӯъ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 172 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Шумораи донишҷӯёне, ки тариқи Квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, 156 нафар мебошанд.
Донишкада дар баробари донишҷӯёни тоҷик ҳамчунин ба донишҷӯёни хориҷӣ, ки шумораашон 194 нафар мебошад, таълим медиҳад. Зиёда аз 400 донишҷӯи ин донишкада аъзои дастаҳои мунтахаби кишвар мебошанд. Дар мусобиқаи баскетбол, ки миёни донишҷӯдухтарони донишкада ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гашт, ҷои якумро донишҷӯёни ин доникшкада соҳиб шуданд.
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 8 кафедра дошта, аз рӯи 31 ихтисоси варзишӣ ба донишҷӯён таълиму тамрин медиҳад.