Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарордод оид ба баланд бардоштани масъулияти ронандагон вобаста ба истифода намудани тасмаи бехатарӣ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Азим Иброҳим, вазири нақлиёт ва Эмили Карр, директори ширкати бритониягии “EASST Expertise LTD” ба имзо расид.
Мақсад аз ба имзо расонидаи қарордоди мазкур тақвият бахшидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ вобаста ба баланд бардоштани масъулияти ронандагон ҳангоми истифодабарии воситаҳои нақлиёт, махсусан, истифодаи ҳатмии тасмаи бехатарӣ зимни рондани воситаҳои нақлиёт, ба роҳ мондани маъракаи васеи иттилоотӣ оид ба зарурат ва афзалиятҳои истифодаи тасмаи бехатарӣ ва дар маҷмуъ, дар якҷоягӣ татбиқ намудани ин равандҳои ҳимоявӣ барои бехатарии ронандагону мусофирон гуфта шудааст.
Бояд гуфт, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати истифода набурдани тасмаи бехатарӣ тибқи қонунгузорӣ муҷозоти маъмурӣ пешниҳод шудааст.
Ширкати британӣ аз 5-уми апрел барои намояндагони вазорату сохторҳои дахлдори кишвар рӯнамои худро дар ин маврид муаррифӣ менамояд.