Formula novemver 2024
Шикояти мард аз ҳамсари пулпарасташ
4294

Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ!


Дар ин сомона бештар мардонро сиёҳ карда аз хонумҳо ҷабрдида метарошанд, гӯё мо-мардон ҷаллоду ҳамаи занҳо фаришта бошанд, вале дар асл чунни нест. Ман зиндагии худро бароятон қисса мекунам, то хонеду хулоса бароред, ки айб дар кист: зан ё мард?!
Ману ҳамсарам Зулфия ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Иқрор мешавам, ки Зулфия бениҳоят духтари зебо буд ва нисфи ҷавонони кӯча дар ғами ин зебосанам сӯхта мегаштанд. Дили мани сда низ ба доми ишқи ҳаимн паричеҳра афтод ва ба норозигии волиднам нигоҳ накарда, бо шодию тӯю тамошо Зулфияро ба занӣ гирифтам, вале...
Падару модари ман одамони номдоранд ва шукри худо зиндагии серу пур дорем, занам бошад аз оилаи камбағал аст. Дар ҷавонӣ бисёр азоб кашидааст, гуфта аз рӯзҳои аввали зиндагӣ занамро эрка мекардам ва тамоми чизҳои дилхоҳашро харида медодам. Мани сода Зулфияро дар зару зевар ғӯтта занонда гумон доштам, ки ба қадри зиндагии серу пур ва хонаву дари обод расида, барои пойдории оилаамон талош менамояд, вале зани эркаам оқибат ба тори сарам баромад. Бовар кунед, баъзан чунон дағдаға мекунад, ки гӯё дар ин хона ӯ шоҳбонуву дигарон хизматгор бошанд. Нархи маҳсулот рӯз то рӯз боло рафта истодааст, вале ҳамсари ман ду кило гӯштро ҳамагӣ як ё ду бор хӯрок мепазаду баъд «гӯшт нест, чӣ пазам» гуфта мешинад. Ҳар ҳафта камаш 5-6 кило гӯшт мехарам, вале занам боз менолад, ки дар хона ягон чизи дурусти хӯрданӣ нест. Оилаҳоеро медонам, ки бечораҳо гӯштро ҳатто дар шаби хобашон ҳам намебинанд, зани ман бошад, мудом аз хонаи серу пури мо ношукрӣ мекунад.
Зулфия дар хонаи падараш бо хориву зориҳои зиёд калон шуда бошад ҳам, аз худаш шоҳдухтар тарошида, чунон воҳима мекунад, ки ногуфтанӣ. Меҳмондӯст нест, мабодо ягон хешу таборамон ба хона меҳмонӣ биёянд, кӯдакашро гирифта ба кӯча мебарояд ва назди дугонаҳояш рафта, то рафтани меҳмон дигар худро нишон намедиҳад. Бечора модарам медонанду меҳмондориашон.
Падарам беморанд. Келин бояд дар чунин рӯзҳои вазнин хизмати хусуру хушдоманро ба ҷо биёрад, аммо ҳамсари ман мудом ғурбат мекунад, ки падарат рӯзи дароз нозу нуз карда ба ҷонам мерасонад, аз дасти ин мӯйсафед на кӯдакони бечораам рӯз доранду на худам... Ҳамин тавр ҳар шаб занам дар бехи гӯши ман варсоқӣ хонда, падару модарамро ганда мекунад ва мехоҳад маро бо влиднам ҷанг андозад. Сад бор гуфтам, ки синну соли падарам ба ҷое расидааст, бар замми ин, саломатияш хуб нест, шояд аз умраш рӯзҳои башумор боқӣ монда бошад, бо одами калнсол сар ба сар нашуда, хизматашонро кун ва деои некашонро бигир, аммо чӣ ба ин занак гап занӣ, чи ба девор. Насиҳату маслиҳат ба Зулфия ягон зарра таъсир намекунад.
Ростӣ, айби худам ҳам ҳаст, чунки занамро аз аввал пулмаст кардам. Акнун вай ба бемории бозорравӣ гиирфтор шудааст ва мабдо ягон ҳафта чизи нав нахарад, касал мешавад. Хонашин аст, дар ягон ҷо кор намекунад, аммо либоси пеши бозорро мепӯшад ва мудом аз паси мӯд медавад. Дили падару модарам ба ман месӯзад ва келинашонро насиҳат мекунанд, ки пулро беҳуда сарф карда, ғарам-ғарам либосҳои даркору нодаркорро нахарад. Ҳамсарам аз гапи мӯйсафедон ранҷида чанд бор қаҳр карда ба хонаи падараш рафт. Азбаски се фарзанд дорем, маҷбур шудам, ки боз рафта ҳамсарамро биёрам, аммо ин ҳол то кай давом мекарда бошад, намедонам.
Ман ин духтарро ҳеҷ нафаҳмидам, тамоми шароиташ муҳайё, чизи дилхоҳашро харида медиҳам, фарзандонамон беҳтарин либосҳоро мепӯшанду беҳтарин хӯрокро мехӯранд, аз чизе камбудӣ надоранд, охир ба ӯ боз чӣ намерасад, ки коса ба лаби кӯза расад, дарҳол қаҳр карда бармада меравад?!

Фирӯза САТТОРӢ, [23.11.2021 13:29]
Як нағмаи дигари занам, ки ба дилам задааст, худашро бардурӯғ бемор вонамуд карданаш аст. Аз духтурравию дорухарӣ ҷонам ба лабам расидааст, аммо занам ҳеҷ шифо наёфт, ки наёфт. Ду-се ҷӯраи табиб дорам, коғазҳои ташхиси ҳамсарамро ба онҳо нишон додам, хандида гуфтанд, ки занам “восполение хитрости” дорад.
Рангу рӯяш ба ҷо, иштиҳояш мудом ҷӯр, таспу тоб намекунад, вале “ман касал гуфта, сарашро печонда хоб мераваду хонаву ҳавлӣ норуфтаву дегу табақ ношуста меистад. Мошинаи ҷомашӯӣ, пилесос, хулоса ҳама техникаи рӯзгор ҳаст, вале баъзан занам ҳатто ҳавсала намекунад, ки либосҳои чиркинро ба мошина андозад ё хонаро бо чангкашак тоза кунад.
Ростӣ, аз фаҳмондану насиҳат кардан безор шудаам, намедонам дигар чи гуна ба ин зани эрка фаҳмонам, ки зиндагӣ ин хел намешавад, охир вай одами оиладор аст ва бояд масъулият ҳис кунад. Сарҳисоби кори худро гум кардаам, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, зани эркаамро чи хел одам кунам?
Ф. Д, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД