Formula novemver 2024
"ШЕРИ НАР"-И ФАРЗОНА КИСТ?
22.09.2020
С. ЁР
4658

 

Рӯзгори ситораи маъруфи санъати эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи омма қарор дорад. Махсусан, издивоҷи пурсарусадои ӯ бо Фаридуни Хуршед ва баъдан ҷудо шуданашон боиси баҳсу мунозираҳои зиёде шуда буд. Дар ин авохир дар ҳаёти ин ду ситора тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад, ки “Оила” онро пайгирӣ намуд.

 

Писари навбатии Фаридун

 

Фаридуни Хуршед, овозхони попи тоҷик тобистони имсол соҳиби писар шуд, аммо модари тифли навбатии ӯ на Фарзонаи Хуршед, ки қиссаи ишқи онҳо даҳон ба даҳон мегашт, балки бонуи дигаре аст, ки ному насабаш ба расонаҳо маълум нест. Овозхон охирҳои моҳи июли соли 2019 бори севум издивоҷ карда буд. Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи овозхон хоксорона ва бидуни иштироки овозхонҳои машҳур баргузор гардид. Писари навзоди Фаридун, Боязид ном дошта, барои падараш хеле азиз аст.

“Ин рӯз барои ман боз ҳам рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар. Мухлисони азизам дар хурсандии ман шарик бошед", - навишта буд ситора санаи 22 июл дар саҳифаи Инстаграм.

Ёдовар мешавем, ки Боязид аз оилаи сеюми Фаридун ба дунё омадаву қабл аз ин ситораи поп аз ду ҳамсараш ҷудо шудааст.

Фарзона: барои Фаридун хурсандам

 

Бисёре аз мухлисон донистан мехоҳанд, ки Фарзонаи Хуршед ба хушбахтиҳои Фаридун чӣ гуна назар дорад. Рашк мекунад ё аз он ки падари фарзандаш дар оилаи дигар хушбахт аст, хурсанд мешавад?

Пас аз ҷудо шуданашон муддати тӯлонӣ Фарзона муносибаташро бо Фаридун шарҳ надод, вале баъдан дар суҳбатҳо гуфт, ки байни онҳо нофаҳмие нест. Ҷудо шуданашонро ба “набудани ҳамдигарфаҳмӣ” ва “тақдири Худо” арзёбӣ кард. Ахиран Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи “Пешсаф” дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

 

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

“Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд, дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меоянд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он ки ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам, ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

 

Ҳамнафаси ишқ ё дӯсти беҳтарин

 

Аз ҳамдигар ҷудо шудани Фарзонаву Фаридун ҳанӯз соли 2017 овоза шуда буд. Баъди ин хабарҳо дар шоу-консерти “Ҳамнафаси ишқ” онҳо бо ҳам дуэт иҷро карданд, вале ҳарфи Фарзона сарусадо ба вуҷуд овард.

Фарзонаи Хуршед пеш аз он ки бо Фаридуни Хуршед таронаи "Ҳабиби дилам"-ро сароянд, ӯро на ҳамчун ҳамсараш, балки “дӯсти беҳтаринам” гӯён, ба саҳна даъват кард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ "дӯсти беҳтаринам" гуфтани Фарзона баҳси гармеро ба миён овардааст. Корбарон навиштаанд, ки "дӯсти беҳтаринам" гуфтани Фарзона, далели рост будани хабарҳои ҷудо шудан ин ду ситора аст.

Ҳамин тавр, ин ҷуфти ситораҳо аз ҳам ҷудо шуданд.

Далели ҳавобаландӣ

 

Фарзона дар суҳбати охираш ба мухлисонаш муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

“Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ, бегонатарин инсон барои ту мешавад”,-таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару апаҳояш ҳастанд.

“Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ”.

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

“Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад, эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст”,-мегӯяд Фарзона.

Фарзона дар бораи ишқи наваш гуфт:

“Марди воқеӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст”,-гуфт Фарзона.

“Оила” ҳам ба Фарзона хушбахтиву оилаи обод мехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД