Arzon march 2024
Шерализода: То соли 2040 шинонидани 2 миллиард дарахт дар нақша аст
180

- Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кабудизоркунӣ ва шинонидани 2 млрд дарахт ба нақша гирифта шудааст,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумита Шерализода Баҳодур.

Ӯ афзуд, ки “амалӣ намудани корҳои кабудизоркунию хуррамгардонӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита ва мақомоти зертобеи он ба шумор меравад. Бо мақсади амалигардонии ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти кишаварамон бо иқдоми Кумита ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавсими кабудизоркунӣ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, талу теппаҳои кӯчаи Айнӣ ва оромгоҳи Лучоб, инчунин дар ҳудуди Боғи Ғалаба 4300 бех дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонида шуд”.

Инчунин, бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишаварамон ба миқдори 14 568 860 бех гулу буттаҳо шинонида шуда, дар майдони 266 647 метри квадратӣ майсазор кишт карда шудааст, ки дар ин кор саҳми мақомоти ҳифзи муҳити зист арзанда аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД