Arzon march 2024
Шавҳари раҳгумзадаву фарзандони маъюб ва 101 дарди Сурайё
1542


Сурайё аз зиндагӣ дар Туркиё ва маҳбас шудани шавҳар гуфт
Сурайё Раҳматуллоева, сокини ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Спитамен (собиқ Нов) мебошад.

Ин зан имрӯз бо се кӯдаки аз падар зиндаҷудо роҳи шавҳари маҳбусашро мепояд. Сарнавишти Сурайё хеле талх ва аламовар аст. Мо тақдири тахли Сурайёро аз забони худаш бароятон щикоят мекунем, то ки ба дигар занону духтарони тоҷик сабақ гашта, ҳаряк қадами худро дар пайроҳаи печидаи ҳаёт дониставу санҷида гузоранд.

Кӯдаки маъюбу волидони сарсон
Сурайё ва Шӯҳрат 13-сл пеш оиладор шуда, дил орзуву ҳавасҳои зиёде доштанд, вале фарзанди нахустинаш маъюб ба дунё омада, гулшани орзуҳои зану шавҳарро хазонпӯш гардонд. Духтурон ба кӯдак ба истилоҳи имрӯза “ДЦП” ташхис гузоштанд. Зану шавҳар ба хортири дав ёфтан ба дарди фарзандашон сарашонро ба сад дар мезаданд. Ба куҷое, ки нараванд, табибон бе даво будани ин дардро гуфта, китф дарҳам мекашиданд, вале шавҳари Сурайё-Шӯҳат Сатимов ба тақдир тан додан намехост. Ӯ боварӣ дошт, ки агар фарзандашро ба хориҷа бурда табобат кунад, шифо меёбад ва бо умеди он ки пул кор карда, ба дарди писараш даво меёбад, рӯ ба муҳоҷират овард, аммо натанҳо аз ӯҳдаи табобати ҷигарбандаш набаромад, балки ба доми ифротиён афтода, рӯзи худ ва додарашро сиёҳ кард.

Гумроҳ

Шӯҳрат ваъдаи ҷойи кори хуб ва маоши калонро шунида ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки “гӯшти лаҳм” ба гургҳои дупои террористу экстремист мешавад, аммо дар Русия ӯ ба доми чунин афрод афтода, сараввал ба намозхонию тоату ибдат сар кард, баъд бо роҳнамоии ифротиёни гумроҳсоз ба тарғиботи динӣ шурӯъ кард. Беҳуда намегӯянд, ки кори бад мисли бӯйи бад ба зудӣ ба машм мерасад, овозаи амалҳи Шӯҳрат низ ба зудӣ дар ҳама ҷо паҳн гашта, ин хабар то ба зодгоҳаш, деҳаи Тағояк низ раисд. Падару модараш ба ташвиш афтида, токуҷо ҳақиқат доштани миш-миши мардумро пурсон шуданд, вале Шӯҳрат худро мусичаи бегуноҳ тарошида, таъкид мекард, ки ба ин овозаҳо бвар накунанд, ҳамааш дурӯғ аст. дар дили влидонаш ба қавле алав афтода буд ва гаштаву баргашта хоҳишмекарданд, ки ба деҳа баргардад, аммо Шӯҳрат баҳонаи нав ба нав пеш оварда, сарпечӣ мекард...

Бонги изтироб

Билохира мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дари волидони Шӯҳратро кӯфтанд ва огоҳӣ доданд, ки оиди ҷинояткор шудани писарашон далелҳои дақиқ ҳастанд, бояд ба зудӣ ба Ватан баргардад, дар акси ҳол вазъияташ боз ҳам бадтар хоҳад шуд, вале аз соли 2013 то 2015 чанд бор огоҳӣ дода бошанд ҳам, Шӯҳрат якравӣ карда, баргаштан нахост. Ҳарчанд модар падараш илтимос мекарданд ки ба пойи худат биё, авф мешавӣ, ин ҷавони гумроҳ “ман ягон гуноҳ надорам” гӯён, наомад.

Дар ҷустуҷӯйи бародар

Бародараш-Бекмурод Сатимов, ки дар деҳа духтур буд, маҷбур шуд, ки кору борашро партофта, барои овардани додари гумроҳаш роҳи Русияро пеш бигирад. Падар тамоми пули пасандозашонро ба дасти Бекмурод дода, таъкид кард, ки ҳам барои худаш ва ҳам ба Шӯҳрат чипта харида, бо кадом рҳе набошад, ӯро ба хона биёрад. Бекмурод ваъда дод, ки ба зудӣ ҳароҳи додараш бармегардад, аммо Шӯҳрат бо макру фиреб бардарашро гӯл зад. Пули чиптаро аз дасти бародараш гирифта, вай ба ҷойи ба Ватан баргаштан аз Бекмурод пинҳонӣ ба Туркия парвоз кард.
Бародар не, дарди сар!
Бекмурод аз ғайб задани додараш сари калобаашро гум карда, ночор тани танҳо ба Ваан баргашт. Дар ин ҷо ӯро боз зарбаи сахттарини тақдир интизор буд. Сли 2015 вақте Бекмурод ба Ватан баргашт, барои маблағгузрӣ ба ифтротгаро (додараш) кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро боздошт намуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғз намуданд.
Ҳамин тавр Бекмуродро ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карданд ва инак 7-сл мешавда, ки ба ҷойи зану фарзанд, падару модар ва дигарпайвандонаш танҳо панҷараҳои зиндонро мебинад.

Амри шавҳар воҷиб гуфту...

Хулоса, Шӯҳрат чун мебинад, ки дар Ватан сирру асрораш фош гашта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тамоми кору бораш хабардоранд, занашро суроғ мекунад. Бо даъвати Шӯҳат Сурайё “амри шавҳар воҷиб” гӯён, кӯдаки маъюби 3-слаи маъюбашро ба хушдоманаш дода, ба Туркия рафт.


Дар ин давлати бегона вай боз як духтару як писари дигар таваллуд карда бошад ҳам, аз се фарзандаш танҳо як духтарчааш солим буда, ду кӯдаки дигараш маъюб ва гунг ҳастанд. Писари калонияш 10-сола бошад ҳам, бо сабаби маъюбӣ ба мактаб намеравад. Муаллимон дар хона барояш дарс медиҳанд.

....охир ба дасти малахак

Шӯҳрат гумон дошт, ки ҳамроҳи оилааш дар ин давлат аз чашми мақомот дур зиндагӣ мекунад, аммо кор аз рӯи мақоли “як бор ҷастӣ махалак, ду бор ҷастӣ махалак, охир ба шастӣ махалак” сурат гирифт. Шӯҳатро мақомоти амнияти вилоят аз Туркия боздошт намуда, ба Ватан оварданд. Ҳамин тавр вай ба мӯҳлати 14-сол аз озодӣ маҳрум гашта, аз соли 2019 инҷониб дар маҳбасхонаи шаҳри Душанбе адои ҷазо менамояд.

Саду як дарди Сурайё

Ҳамсари Шӯҳрат бар замми дарду доғи ду кӯдаки маъюбаш боз аз дарди маҳбӯсии шавҳараш азият мекашад, вале аз рӯйи мақоли “зиндагӣ бар гардан афтодаст, дигар чора чист, шод бояд зистан, ношод бояд зистан” амал карда, бо умеди як рӯз не, як рӯз ба поён расидани шоми сиёҳи рӯзгораш арбаи зиндагиро ба танҳоӣ мекашад. Ин зани аламдида умед дорад, ки 11-соли дигари ҳукми судии шавҳараш ҳам рӯзе адо мешавад ва онҳо дубора сарҷамъона зиндагӣ мекунанд, аммо кӣ меднад, ки тақдир бо онҳо боз чи бозиҳое хоҳад кард...

Фарзона Муродӣ
Хуҷанд-Спитамен-Хуҷанд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД