Аммо Фаёз пас аз тӯяш зуд-зуд ба корхонаи мо меомад. Аз занаш норозигӣ баён мекард. Ӯро дӯст намедорам мегуфт. Сипас мо пинҳонӣ никоҳ кардем. Хушбахттарин ҷуфти ҳамсарон будем. Парвои ягон проблемаро надоштем. Баъди ҳомиладор шуданам рӯзе ҳамсари Фаёз хабардор шуда, ба хонаи мо омада, ҷанҷол бардошт.
Баъди чанде ҳама дар он ҷо ҷамъ омаданд. Падару модараш ӯро маҷбур мекарданд, ки ҷавоби маро диҳад. Аммо Фаёз дар назди ҳамагон ҷавоби занашро дод. Падару модар аз ӯ рӯй гардонданд. Хусуру хушдоманаш бошад, садқаи фарзанд шавӣ гӯён, духтарашонро гирифта рафтанд. Намедонистанд, ки ман ҳам ҳомила ҳастам. Фаёз аз кори кардааш заррае пушаймон набуд. Дар чеҳраи ӯ заррае ғаму дардро эҳсос намекардам. Фақат як чиз ӯро азоб медод, ки оё бародарам Мақсуд, ки ҳар ду дӯстони ҷонӣ буданд, маро мебахшида бошад? Дар мушкилиҳои аз сар гузаронидаи Фаёз ман худро гунаҳгор ҳисобида, аз ӯ узр мехостам.
Якбора соҳиби ду тифл шудам
Хуллас, пас аз нуҳ моҳ муҳлати таваллудкуниам фаро расиду Фаёз маро ба беморхона бурд. Он рӯз хушбахтона ман писардор шудам. Хурсандии Фаёз ҳадду канор надошт. Маро танҳо намегузошт. Доим дар барам буд. Аз хурсандӣ худи ҳамон рӯз номи писарашро Бинёмин гузошт. Рӯзи дигар маро ҷавоб доданду Фаёз барои бурданам ба беморхона омад. Ногоҳ дар беморхона садои доду вой баланд шуд. Аз ҳуҷра баромада, хостам чӣ воқеа шуданашро пурсон шавам. Ногоҳ чашмам ба хушдомани Фаёз афтод, ки сарашро ба девор зада мегирист. “Худоё, чӣ воқеа шуда бошад”,- меандешидам ба худ. Ногоҳ Фаёз барои бурдани ман омаду хушдоманаш ба ӯ дарафтод. “Бо гуноҳи ту духтарам аз дунё гузашт. Сағераи ту ба ман лозим нест” гӯён, тифлаки навзодеро, ки ҳанӯз шири модарро начашида, беист гиря мекард, оварда ба дасти Фаёз дод. Фаёз гунаҳкорона бо сари хам ба назд ман омада “ин тифл гуноҳ надорад” гӯён, ӯро низ ба дасти ман дод. Ду тифли навзодро гирифта, ба хона овардем. Духтарчаро Малика ном гузоштем. Бароям мушкил буд, нигоҳубини ду тифли навзод, вале ба хотири Фаёз ӯро мисли фарзанди худам парвариш мекардам. Фаёз барои тифлаконаш беҳтарин либосҳо ва беҳтарин ғизоҳоро меовард.
Шавҳари алкаш
Солҳову моҳҳо бе бозгашт паси сар мешуданду ширинаконам калонак мешуданд. Намехостам зиндагии ширинам тағйир ёбад. Аммо мутаассифона, модари Фаёз зуд-зуд омада, бо писараш ҷанҷол бардошта, асабҳои ӯро хароб мекард. Оҳиста-оҳиста рафтори Фаёз низ тағйир меёфт. Ӯ акнун шабҳо шароб нӯшида, ба хона масту аласт меомад. Муносибаташ бошад, бо ману фарзандонаш бад мешуд. Дигар ба кор ҳам намерафт. Субҳ аз хона мебаромаду нисфирӯзӣ маст меомад.
Ҳамин тавр, беш аз 20 сол аст, ки ман бо шавҳари алкаш зиндагӣ мекунам. Ӯ субҳи худро бо шароб оғоз карда, то шаб арақ мехӯрад. Ба одам монанд нест. Бо вуҷуди ин ман тоқат мекунам. Зеро илоҷи дигаре надорам. Ба ӯ ягон табиб кӯмак карда наметавонад.
Сурайё, сокини н. Варзоб