Ман мухлиси зебосанами ширинсадою ширинадо Фарзонаи Хуршед ҳастам ва ҳар як таронаашро бо шавқу завқи зиёд гӯш мекунам. Фарзона дар баробари садои дилнавоз қаду қомати зебою дилкаш дорад ва шахсоне, ки ӯро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки бисёр духтари хоксору меҳрубон аст. Шунидам, ки сарояндаи дӯстдоштаам ҳафтаи гузашта зодрӯз доштааст ва шавҳараш дар ҷашни мавлудаш ба Фарзона мошин тӯҳфа кардааст. Оё ин овоза рост аст?
Нилуфар, ш. Душанбе.
Хоҳарир азиз Нилуфархон!
Дар ҳақиқат ҳафтаи гузашта яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати навини тоҷик, духтари хурдии примадонна Сурайё Қосимова ва хоҳари ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё-Фарзонаи Хуршед ҷашни фархундаи милод дошт. Ин бонуи фариштарӯю фариштахӯй , ки ба назар хеле ҷавон метобад, ба синни 33-солагӣ расид. Фарзонаи Хуршед аз зумраи сарондагони хеле муваффақи эстрадаи тоҷик ба шумор меравад ва 11-уми июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.
Ҳанӯз қабл аз он ки чашм ба олами ҳастӣ боз кунад, вуҷуди Фарзона лабрези оҳангу шеъру тарона буд, зеро ин овозхони машур аз зани ҳунарманд, овозхони хеле маъруф ва машҳури тоҷик Сурайё Қосимова ба дунё омада, аз лаҳзаҳои нахустини зиндагӣ ҳаёташ ба пуррагӣ бо созу оҳанг пайвастааст. Фарзона дар муҳити фарҳангӣ тарбия ёфта, сабақҳои нахустини санъатро аз модари ҳунармандаш гирифтааст.
Падараш Хуршед Рабиев аслан корманди милиса бошад ҳам, бисёр марди санъатдӯст буд ва ҳамин муҳаббати бузургаш нисбат ба ҳунар ва ҳунармандон боис гашт, ки бо тамоми ҳастӣ ошиқи шайдои овозхони машҳур Сурайё Қосимова гашта, бо ин зани шуҳратманд оила барпо намояд. Ҳосили ин ишқ Фарзона ва бародари кӯчакаш буданд, ки будбахтона дар синни 18-солагӣ аз бемории саратон аз олам даргузашт.
Хоҳараш Шабнам насаби модар ва Фарзона насаби падараш Хуршедро гирифта бошад ҳам, гуногунии насабҳо монеи шуҳрати хоҳарон гашта натавонистанд. Шабнам пештар аз Фарзона ба саҳна бармада, натанҳо дар Тоҷикистон, баки дар сатҳи ҷаҳонӣ машҳур гашт. Фарзона ба думболи апааш соли 2008 ба саҳна баромад ва зуд миёни мардум шинхта шуда, мухлисони зиёде пайдо кард. Соли 2015 бошад, ин духтараки мавзунқомату булбуловоз дар барнома-озмуни мусиқии «Big Apple Music Awards 2015» дар шаҳри Ҳамбурги Олмон беҳтарин овозхони мусиқии попи Тоҷикистон эълон шуд. Соли 2016 ин бонуи хушсадо Тоҷикистонро дар Big Apple Music Awards дар шаҳри овозадори Ню Йорк муаррифӣ кард, аммо...
Ҳаёти оилавии Фарзонаи Хуршед чун аксар бонувони ҳунарманд аз оғоз чандон бобарор набуд. Фарзона бо ишқи бузурге риштаи ҳаёташро бо овозхони шинохта Фаридуни Хуршед пайваст, аммо тавлиди ду фарзанди мисли гул зебо низ натавонист оилаи онҳоро аз вайронӣ наҷот диҳад. Рашк ба пояи ниҳоли бахти ин ду ҳунарманди машҳур табар зада, билохира Фарзона ва Фаридуни Хуршед бидуни ҷангу ҷанҷол аз ҳам ҷудо шуданд.
Айни замон Фарзнаи Хуршед дубора оиладор шуда, дар зиндагии оилавӣ хушбахт аст. Фарзона ҷашни милодашро бо азизони дилаш таҷлил кардааст, вале дар бораи он ки шавҳараш ба Фарзона дар ҷашни милодаш чӣ туҳфа кард, маълумоти дақиқе дар даст надорем.