Ману шавҳарам пеш аз тӯй шинос шуда, бо ишқу муҳаббат оила барпо намудем. Аҳли оилаамон бар зидди издивоҷи мо буданд, вале мани эрка бо якравию қаҳру ноз наздиконамро ба ин издивоҷ розӣ кунонидам, чунки ошиқам бо ҳусну ҷамоли беназираш маро мафтуни худ гардонида буд.
Апаи калониям шавҳарашро дӯст дошта оиладор шуд ва зиндагиашон бисёр ширин буд, мани сода ҳаёти хушбахтонаи онҳоро дида гумон мекардам, ки агар одам ба дӯстдоштааш расад, хушбахт мешаваду тақдирашро бо одами ношинос пайвандад, умре бадбахт шуда, ангушти пушаймонӣ мегазад, вале хаёлам хом баромад.
Баъди се рӯзи тӯй хушдоманам маро ба наздаш даъват кард. Аз гапу хабари дунё бехабар тозон ба наздаш шитофтам. Гапҳое, ки ин зани сарсафед он рӯз ба ман гуфт, 5 сол боз дар гӯшҳоям садо медиҳанд: «Ҳой келин, гапамро дар гӯшат ҳалқа карда гир, ту наметавонӣ чуноне, ки апаат шӯяшро хар карда савор шудааст, писари маро зин зада савор шавӣ. Аз хати кашидаи ману писарам як қадам берун бароӣ, ҳамон замон аз хонаи ман дафъ мешавӣ!».
Намедонам апаи ман ба инҳо чӣ бадӣ карда бошад, ки шавҳару хушдоманам апаву язнаамро то имрӯз чашми дидан надоранд. Язнаам тамоми нозу нузи апаамро мебардораду зиндагии шоҳонаи онҳо ба шавҳару хушдомани ман намефорад. Апаи бечораам ҳар бор ба хонаи ман меҳмонӣ омада ягон камбудиямро бинад, пул медиҳад ё чизҳои даркориямро харида медиҳад, ана ҳамин амалаш қаҳри шавҳарамро меорад. Ба ҷойи раҳмат гуфтан, ин ношукрбандаҳо баръакс сояи апаи ғамхору меҳрубони маро аз девор метарошанд. Қайсингилҳоям «апаи ҷодугарат дигар ба хонаи мо набиёяд» гуфта, маро истинтоқ намуданд. Маҷбур шуда аз апаам хоҳиш кардам, ки дигар ба хонаам набиёяд. Апаам дар ҷавоб чизе нагуфта бошад ҳам, ҳис кардам, ки сахт ранҷид. Ҳарчанд фикр мекунам, сабаби нафрати шавҳарамро нисбати апаам фаҳмида наметавонам. Язнаам одами хуб аст, фарзандонашро гул барин нигоҳубин мекунад, падару модари маро ҳурмату эҳтиром менамояд. Магар шавҳар занашро эрка кунад, ин нишонаи ҷодугарии занаш аст?
Рафтори шавҳарам маро аз зиндагӣ дилхунук гардонидааст, баъзан фикр мекунам, ки дар интихоби бахт сахт хато кардаам.
Н. С.