sebiston july new
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхису муоина ва машварати ройгон гузаштанд
559

 

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола дар ҷаҳон 7-уми апрел қайд карда мешавад, дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” чорабинии солимгардонии ташхису муоина ва машварати ройгони шаҳрвандон баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

- Дар саҳни бинои мазкур барои суҳбати мутахассисони соҳа бо шаҳрвандон тамоми шароити муосид фароҳам гардида, дар маҷмуъ барои машварат ва ташхису муоинаи ройгони сокинон тамоми имконоти лозима муҳайё карда шуд. Дар ин ҷо нахуст роҳбарияти вазорат бо мутахассисони соҳа суҳбат намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамгардида ташхису муоинаи шаҳрвандонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд,- меафзояд манбаъ.

Ҳамин тавр, гуфта мешавад, ки аз субҳи барвақт алакай шаҳрвандони зиёде ба муассисаи мазкур ташриф оварда, аз ташхису муоинаҳои ройгон мегузаштанд, аз мутахассисони варзидаи соҳа доир ба беҳтар намудани вазъи саломатии хеш тавсияву маслиҳати муфид мегирифтанд.

Тавре зикр мегардад, чорабини мазкур ҳамзамон дар муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва дар умум дар тамоми муассисаҳои тиббию табобатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил ва баргузор гардида, ба зиёда аз 50 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат дар доираи ин чорабинӣ ташхису машварати ройгон расонида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД