goodwell
Шаҳринав орзуи Марям Турсуноваро амалӣ мекунад?
41

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Турсунова яке аз чеҳраҳои номшнои театру кинои тоҷик мебошад. Синну соли ин ҳунарпешаи номвар аз 75 гузашта бошад ҳам, ҳанӯз манзили шахсии худро надорад ва зиёда аз 25 сол боз ранҷу азоби бехонагӣ мекашад. Азбаски Марям Турсунова зодаи ноҳияи Шаҳринав мебошад, зимни нишасти матбуотии раиси ноҳия мо аз масъулин пурсон шудем, ки оё МИҲД-и ноҳия метавонад дар ҳалли ин масъала дасти ёрӣ дароз намояд?

Ваъдаи масъулин

Дар посух ба ин савол Ҳусейн Норзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳринав гуфт, ки Марям Турсунова бо МИҲД-и ноҳия ҳамкории наздик дошта, дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамояд. Ин ҳунарманди машҳур дар ҳақиқат дар масъалаи мушкилоти манзил доштанаш ба онҳо муроҷиат намуда, номаш дар рӯйхати ниёзмандони дараҷаи аввал сабт шудааст. “Бо пайдо шудани имконият пеш аз ҳама ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Турсунова барои сохтмони манзили истиқоматӣ қитъаи заимн ҷудо карда мешавад”.

Умедворем, ки масъулини МИҲД-и ноҳияи Шаҳринав ба қавли худ вафо карда, орзуи ин зани ҳунармандро, ки барои рушди санъати тоҷик заҳматҳои зиёде кашидааст, амалӣ месозанд ва Марям Турсуноваро соҳиби манзил мегардонанд. 

Зиндагӣ дар хизмати театр

Марям Турсунова аз ҷумлаи он ҳунармандонест, ки зиндагии худро аз фаъолияти эҷодӣ ҷудо намедонад. Ӯ 14 январи соли 1951 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Даврони кӯдакиаш осон набуд. Ҳанӯз наврас буд, ки модари меҳрубонашро аз даст дод. Ин талафоти сангин дар вуҷуди духтараки ҳунардӯст дарди бузурге гузошт, вале натавонист иродаи ӯро бишканад.

Пас аз хатми шуъбаи актёрии факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаъолияти худро дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ оғоз кард. Аз ҳамон рӯз то имрӯз, ки синнаш аз 75 гузаштааст, саҳнаи театр барои ӯ танҳо ҷои кор нест, балки маънии зиндагӣ мебошад.

Дар тӯли зиёда аз панҷ даҳсола ӯ даҳҳо нақши мондагор офаридааст. Қаҳрамонони офаридаи Марям Турсунова бо самимият, эҳсоси баланди инсонӣ ва ҳунари волои актёрӣ дар хотири ҳазорон тамошобин нақш бастаанд. Бисёре аз ин нақшҳо аҳамияти тарбиявӣ дошта, ба рушди фарҳанги миллӣ ва театри тоҷик хизмат кардаанд.

Ҳунарманди мардумӣ, вале бе хона

Бо вуҷуди ин хизматҳои арзанда, зиндагии шахсии ҳунарпеша осон набудааст. Дар яке аз мусоҳибаҳои худ ӯ бо дарду алам нақл мекунад, ки рӯзе соҳиби хона буд, аммо баъд аз он ки ҳамсараш ӯро бо панҷ фарзанд танҳо гузошт, мушкилоти зиндагӣ пай дар пай домангири ӯ шуданд.

Ба гуфтаи ҳунарманд, қарздорони ҳамсар тамоми молу ашёи хонаро бурданд ва ӯ маҷбур шуд манзилашро бо хонаи хурдтар иваз кунад. Баъдтар, вақте фарзандонаш калон шуданд, барои таъмини таҳсили олӣ ва соҳиби касбу ҳунар шудани онҳо, он хонаро низ фурӯхт.

«Ҳамин тавр бе хона шудем», – мегӯяд ӯ.

Имрӯз Марям Турсунова чор духтар ва як писар дорад. Писараш ҳамроҳи оилааш дар Русия зиндагӣ мекунад ва пайваста модарашро ба назди худ даъват менамояд. Аммо ҳунарманд пешниҳоди фарзандро қабул намекунад.

«Ман бе Тоҷикистони азизам ва бидуни театре, ки маънии зиндагиам шудааст, зиндагӣ карда наметавонам», – мегӯяд ӯ.

Солҳои охир ӯ дар хонаҳои духтаронаш зиндагӣ мекунад. Аввал дар манзили хурди яке аз духтаронаш зиндагӣ мекард, аммо он хона барои сохтмони бинои нав вайрон карда шуд. Ҳоло дар манзили якҳуҷрагии духтари дигараш бо аҳли оилаи ӯ зиндагӣ дорад.

Аз ҳама дардноктар барои модару бибӣ он аст, ки набераҳояш орзу доранд ба хонаи бибиашон меҳмон раванд.

«Ҳар дафъа мегӯянд: "Бибиҷон, мо ба хонаи шумо меоем". Вале бибиашон хонае надорад, ки онҳоро қабул кунад», – мегӯяд Марям Турсунова.

Се орзуи зиндагӣ

Ҳунарманд солҳои охир хотироти худро низ рӯйи коғаз овардааст. Ӯ мегӯяд, ки дар зиндагӣ се орзуи бузург дошт: навиштани китоб дар бораи зиндагии худ, гузоштани санги мазор бар сари қабри модар ва соҳиби манзили шахсӣ шудан.

Ду орзуи аввал амалӣ шудаанд. Китоби ӯ ба нашр расидааст. Дар он на танҳо аз саргузашти пурмашаққати худ, балки аз таърихи театри тоҷик ва фаъолияти ҳунармандони он низ қисса мекунад. Орзуи дигараш – гузоштани санги мазор бар сари қабри модар низ амалӣ гардид. Аммо орзуи сеюм – доштани хона то ҳол амалӣ нашудааст.

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД