Пас аз ҳалокати фоҷиавии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар садамаи нақлиётӣ, Шарифхон Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят таъин гардидааст.
Тавре аз МИҲД-и ВМКБ хабар додаанд, Сафарзода то таъйини раиси нави вилоят масъулияти роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба зимма хоҳад дошт. Ӯ аз соли 2023 дар мақоми муовини якуми раиси ВМКБ фаъолият намуда, пеш аз ин раиси ноҳияи Варзоб буд.
Дар ҳамин ҳол, ҷустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот, ҳамсар ва фарзанди хурдсолаш, инчунин ёрдамчӣ ва ронандаи ӯ, ки рӯзи 17-уми июн дар натиҷаи сарозер шудани мошин ба рӯди Панҷ нопадид шуданд, идома дорад.